Маълумоти охирин
Главная / Биология / РӮДАКОВОКҲО

РӮДАКОВОКҲО

РӮДАКОВОКҲО (Coelenterata), як навь ҷонварони бисёрдуҷайраи суст инкишофёфтаеро гӯянд, ки дар об (бештар дар баҳрҳо) танҳо ва ё гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекунанд. Вобаста ба тарзи зист Рӯдаковокҳоро одатан ба полипу ва медузаҳо ҷудо мекунанд. Рӯдаковокҳо танзо як ковокӣ— ковокии рӯда доранд (номашон ҳам аз мамин ҷост). Танаи Рӯдаковокҳо аз ду қабат ҳуҷаираҳо (берунӣ — эктодерма ва дарунӣ — энтодерма) иборат аст. Э к т од е р м а асосан аз ҳуҷаираҳои эпителию мушакӣ ва қисман дуҷайраҳои мобайнӣ ва хӯсонанда таркиб ёфтааст; ин ҳуҷайраҳо вазифаҳои пӯшиш, ҳаракат, ҳамла кардан ва муҳофизатро адо мекунанд. Энтодерма аз ҳуҷайраҳои эпителию мушакӣ ва ғадудҳори ҳозим иборат аст.

rudakovokho
Ҳазми хӯрок аз ковокии рӯда оғоз ёфта, дар дохили ҳуҷайраҳои энтодерма ба итмом мерасад. Системаи асабашон аз бофтаҳои субэпителии асаб иборат буда, миқдори онҳо дар атрофи даҳон ва ҳассосакҳо нисбатан бисёранд. Дар канори тани медузаҳо ин бофтаҳо ду ҳалқаи ковоки асабро ҳосил мекунанд. Узвҳои ҳиссиёт (масалан, чашмакҳои равшани- ҳискунанда) фақат дар медузаҳо мавҷуданд. Рӯдаковокҳо ҷонварони ҷудоҷинсаанд. Ҳуҷайраҳои ҷинсии аксарашон дар муҳити беруна бордор мешаванд. Минбаъд аз дуҷайраи бордоршуда кирмина (планула) пайдо мешавад. Дар баъзе намуди онҳо (масалан, гидраи оби ширин) бордоршавии дохилӣ мушоҳида мешавад. Дар
актинияҳо тамоми даври тараққиёт дар организми модарӣ гузашта, ҷонварони ҷавон ба воситаи даҳон ба берун бароварда мешаванд. Алҳол қариб 9000 намуди Рӯдаковокҳо маълуманд;
дар СССР қариб 500 намудашон зандагӣ мекунанд. Рӯдаковокҳо дар ҳамаи баҳрҳо маскун шудаанд. Онҳо дар биосенози баҳрҳо роли калон мебозанд. Ҳамаи Рӯдаковокҳо ҳайвони дарранда мебошанд. Скелети марҷонҳои мадрепоровиро барон истеҳсоли оҳак ва чуй масолеҳи бинокорӣ, марҷонҳЗои сурх ва сиёҳро дар заргарӣ истифода мебаранд. Гӯшти баъзе медузаҳоро дар Осиёи Ҷанубӣ Шарқӣ чун маҳсулоти хӯрокӣ истеъмол мекунанд.
Рӯдаковокҳо ба 3 синф тақсим мешаванд: гидроидиҳо, стсифоидиҳо ва полипҳои марҷонӣ. Намояндаи асосии гидроидиҳо гидра вулгарис мебошад. Танаш халтанамои дароз (то 1 см) аст. Бо роҳи ҷинсӣ ва муғчабандӣ афзоиш мекунад. Гидра вулгарис дар обандӣбору кӯлдон Тоҷикистон бисёр аст. Асосан органнзмҳои майдаи обиро мехӯрад. Рӯдаковокҳо эдтимол охирҳои давраи протерозоӣ пайдо шудаанд, зеро намояндаҳои ҳамаи синфҳои онҳо дар таҳнишастҳои кембрий ёфт шудаанд. Минбаъд онҳо инкишоф ёфта дар охирҳои давраи палеозой аксар намудашон нобуд шудаанд ва дар давраи мезозой ба ҷои онҳо намудҳои ба Рӯдаковокҳо ҳозира наздик ба вуҷуд омадаанд. Алҳол
қариб 20000 намуди Рӯдаковокҳо (мурдарафта) маълуманд, ки аксар скелети калон дошта қабатҳои оҳаксангро ба вуҷуд овардаанд.
Ф. Аҳроров

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …