Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / РӮДАКӢ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад

РӮДАКӢ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад

rudaki

РӮДАКӢ Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (858, Деҳаи Рӯдак, ҳозира Панҷрӯди pайони Панҷакент —941, ҳамон ҷо), шоир, асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик. Бачагиаш дар деҳаи хурди номашҳури канори силсилаи кӯҳҳои Зарафшон гузаштааст. Дар ин ҷо ӯ аз халқ суруду мусиқӣ меомӯхт, аз манзараҳои рангини табиат ва рӯзгори мардуми меҳнатдӯсти кӯҳистон илҳом мегирифт. Ба суруду наво аз кӯдакӣ шавқи беҳад дошт. Овози дилкаш ва ҳунари мусиқидонии ӯ ба яке аз навозандагони моҳир, ки Базтиёр ном дошт, хеле хуш омад. Ба ривояте пас аз чандин сол Бахтиёри мӯйсафед чангашро ба Рӯдакӣ бахшидааст, то дар деҳоти кӯҳистон гашта, дилу рӯҳи мардумро бо таронаву навоҳо шод намоид. Рӯдакии ҷавон ҳамчун чанги овоза кард, аммо ташнаи дониш буд ва ба даргоҳи илму маърифат ӯ ба мадрасаҳои Самарқанд рӯ овард. Пас аз солҳои зиёде овозаи сарояндагиву павозандагии. Рӯдакӣ ва дониши фаровони ӯ ба гӯши сарварони мамлакат расид ва ӯ ба пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро даъват шуд. Рӯдакӣ дар андак муддат
шоири бузурги дарбор гардид, овозаи ӯ cap то сари мамлакат паҳн шуд, вале ӯ зодгоҳаш — деҳаи хурдакаки Рӯдакро, ки даврони бачагиаш он ҷо гузашта, аввалин шодмониҳои шоири халқ буданро он ҷо
ҳис карда буд, фаромуш накард, номи онро барои худ тахаллус гирифт Рӯдакӣ дар даргоҳи Сомониён шӯҳрат ва сарвати фаровоне ёфт, вале ин ҳама хушбахтии яклаҳзаина ва фиребанда буд. Ӯро маҷбур карданд, ки дар ситоиши шукӯҳи дарбор, салтанати шоҳ ва дурӯғу фиреби дарбориён шеър гӯяд, ки ин барои чунин як шоири соҳибистеъдод фоҷиаибузурге буд. Мувофиқи ривояти солноманависони дарбор шоир дар охири умр аз давлатдорон беилтифотӣ дида, дар ҳолати пириву нотавонӣ аз дарбор ронда мешавад ва ба ривояте мил ба чашмонаш кашида, кӯраш кардаанд; ба ривояти дигар Рӯдакӣ гӯё кӯри модаразд будааст. Антрополог М. М. Герасимов, ки аз рӯи косахонаи сари шоир сурати зоҳирии ӯро барқарор намудааст, ба хулоса омад, ки Рӯдакӣ дар синни камолот кӯр карда шудааст. Ва бо ҳамин хулосаи тадқиқоти Садриддин Айниро дар бораи аз дарбор ронда шудани Рӯдакӣ собит кард. Садриддин Айнӣ ба тадқиқ
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷои қабри шоирро ёфта, муаммои рӯзҳои охири ҳаёти шоир ва вафоти ӯро равшан сохт ва барои беҳтар фаҳмидани эҷодиёти ӯ замина ба вуҷуд овард. Вале ӯ ба кӯри модарзод будани Рӯдакӣ мӯътақид буд. Оид ба зиндагии пурфоҷиаи Рӯдакӣ дар охири умраш дар баъзе порчаҳои шеърии касбиҳолӣ (шеър дар бораи се пироҳани Юсуф) ва қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ишораҳо шудаанд:
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишкуфт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.
Сабаби аз дарбор ронда шудани Рӯдакӣ маълум нест. Эҳтимол, яке аз сабабҳои ин муносибати хайрхоҳонаи ӯ ба яке аз қиёмҳои халқӣ зери ливои қарматия бошад, ки дар Бухоро рӯй дода буд. Рӯдакӣ аз замонадорон беилтифотӣ дида бошад ҳам, ҳамдиёронаш иззату эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва шоир ниҳоят дар байни онҳо аз дунё даргузашт.
Аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии Рӯдакӣ имрӯз танҳо абёти пароканда боқӣ мондааст. Вале аз ҳамин ашъори пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Шояд аз парокандагӣ ва нотамомии абёт мустаҳкамии композитсия, шавқатангезии сюжет ва дурахши бадеии шеъри ӯ барҷаста намоён набошад. Аммо гоҳҳо як мисраъ ҳам бузургии шоирро ба назари мо ҷилвагар месозад. Мо Рӯдакиро аз рӯҳи инсонпарваронаи шеъри ӯ, аз образҳои нотакрору ҷовидонӣ ва гардишҳову хулосаҳои аҷоиби файласуфонааш мешиносем. Ҳамаи шеъру қитъаҳо ва абёти парокандаи Рӯдакиро аз рӯи мавзӯи асосиашон ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: 1) порчаҳои ашъори ошиқона, ки маҳсули давраи ҷавонии шоир, натиҷаи муҳаббати бузургу фоҷиаанҷоми ӯ ба канизаке ва ё ҳиссиёти сӯзону ишқварзиҳои ниҳонии ӯ будаанд. Дар ин қабил шеърҳо тасвири манзараҳои табиат, базму шаробу майгусорӣ низ ҷо доранд; 2) порчаҳои ашъори пандуахлоқӣ ва маснавие ки аслан дар мавзӯи ахлоқ эҷод шудаанд. Номи ду маснавӣ ва санаи таълифи яке аз онҳо маълум аст: а) «Даврони Офтоб» («Синдбоднома»); б) «Калила ва Димна» (тарҷумаи манзум аз забони арабӣ (назмаш соли 932). Ба қавли Фирдавсӣ («Шоҳлома») ровиён ин достонро, ки дар забони арабӣ будааст, назди Рӯдакӣ мехондаанд ва ӯ ба назми дарӣ медаровардааст. «Калила ва Димна»-ро Рӯдакӣ 12 000 байт гуфтааст. Солиёни дароз аз ин маснавӣ танҳо як байт маъ-лум буд:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Солҳои охир тақрибан 120 байти он ба даст омад; 3) шеъру порчаҳои манзуми шикоятӣ, яъсу ноумедӣ, баёни ҳасби ҳол, ки дар давраи пиронсолии шоир эҷод шудаанд. Намунаи беҳтарини ин гурӯҳ шеърҳо қасидаи «Шикоят аз пирӣ» (35 байт) мебошад.
Ҷиҳати ҷолиби таваҷҷуҳи назми Рӯдакӣ, пеш аз ҳама он аст, ки дар шеъри ӯ, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст; ҳама ашъори шоир саршор аз андеша дар сари тақдири инсон аст. Ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваҷҷӯҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард. Агар дар адабиёти қадими форс-тоҷиқ масъалаи таносуби худо ва инсон мавқеи теосентрӣ (аввал худо) дошта бошад, дар шеъри Рӯдакӣ мо мавқеи нав, мавқеи антропосентриро (аввал инсон) мушоҳида мекунем. Дар шеъри Рӯдакӣ худо қариб ки нест. Рӯдакӣ инсони одилу хирадмандро сурудааст. Дар шеъри ӯ, чунон ки дар ин байт мебинем, гоҳо ситоиши бузургии инсон чун эътирозе ба муқобили талқини дини ислам садо додааст:
Замона аспу ту роиз, барои хешат тоз!
Замона гӯю ту чавгон, барои хешат боз!
Замон ин ҷо ба маънои қисмат аст ва шоир талқин мекунад, ки ба амри қисмат интизор нашуда, ҳисоби зиндагирифтан лозим аст. Агар дар шеъри қадими эронӣ Адқ таҷассуми хиради илоҳию Ишқ истиснои он буда бошад, дар шеъри Р. Хираду Ишқи инсон мавқеи асосӣ гприфтааст. Рӯдакӣ ин маъниро гоҳо хеле далерона баён кардааст:
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ,
Аз ту пазирад, напазирад намоз. Дар шеъри Рӯдакӣ ғайр аз тасвири табиат, талқини хирад, васфи шоҳон, ашрофон ва паҳлавонон, пеш аз ҳама, дар мадди назар инсони оддӣ, фарди ҷамъиятӣ қарор гирифтааст. Рӯдакӣ дар мадҳияҳояш ҳам суннатҳои маъмули таърифу тавсифи бардурӯғро вайрон кард. Ӯ ҳангоми васфи шодону вазирон саъй кардааст, ки ба замири дилашон роҳ ёбад ва онҳоро ба роҳи одамгарӣ ҳидоят фармояд. Гуманизми Рӯдакӣ дар ашъори ахлоқию иҷтимоии ӯ боз ҳам равшантар зоҳир гаштааст. Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок, оҳамият, инсоннарварӣ, адлу хирад, илму дониш ва мардиву бузургӣ талқин шудааст. Рӯдакӣ маънии ҳаёт ва моҳияти рӯзгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашонро ба беҳудагӣ нагузаронанд, аз пайи кореву ҳунаре шаванд, касеро наёзоранд, нексиришту неккирдор бошанд. Аз назари Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некию некӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омӯзгори инсон барои Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ бартараф карда метавонад. Аз бисёр шеърҳои ӯ бар зидди замон ва нобаробариҳои иҷтимоӣ садои эътирози сахте шунида мешавад. Шоири инсонпарвар дар мудобили сарвату неъмати давлатмандон тангдастию бечорагии камбағалонро дида, ба алам мегӯяд:
Басо касо, ки ҷавин нон ҳаменаёбад сер,
Басо касо, ки барра асту фархаша бар хон-ш.
Рӯдакӣ сарояндаи рӯзгору меҳнати пурфайзи деҳқонон будааст, аз дар мисраъ ва байташ бӯи замин ва меҳнати деҳқон эҳсос мешавад. Рӯдакӣ аз хурдӣ ба рангу бӯи кӯҳистон, наъраву туғёни дарё, ҷилову рангбозиҳои табиат ва чаҳ-чаҳи булбулону навои мурғони хушхон одат карда буд. Ҳамаи ин баъдтар дар шеъри ӯ аксандоз гардид. Аммо равшантар аз ҳама дар шеъри Рӯдакӣ рӯзгори деҳқонони нексиришту пурғайрат, ташвишу тараддуди онҳо акс ёфтааст. Дар бисёр шеърҳои Рӯдакӣ равиши кори деҳқон тасвир гардидааст: аз пайи кишти баҳорӣ мавсими дараву хирман меояд, кори хирман бо хушнудӣ анҷом меёбад, иди Меҳргон фаро мерасад, мардум ба муборакбодии ҳосили нав рақсу бозиҳо мекунанд, боз давраи тирамоҳу шудгор мешавад ва ғайра. Рӯдакӣ дар кӯҳистон қадри кор, лаззати нон ва талхию душвориҳои рӯзгорро дида буд, фаро расидани баҳорӣ шукуфон ва тирамоҳи пурфайаро дӯст медошт, далерӣ, мардонагӣ ва дилкушодии барзгарон, чӯпонон ва ҳунармандони диёри азизашро пос медошт. Баробари ин дар шеъри Рӯдакӣ муҳити шаҳр, зиндагӣ ва омоли аҳли он — табибон, косибон, олиму шоирон, котибон ва дигарон инъикос ёфтааст. Рӯдакӣ шоири далер, озодихоҳ, зиндагишинос ва навовар буд. Ӯ бо як ҷаҳон эҳсосу дили пурандеша ба остони пуртақаллуфи дарбор расид, аммо худашро гум накард. Муҳити дарбор барои Рӯдакӣ тангӣ мекард ва ӯ бо ҳунари баландаш ҳисори ин муҳитро раҳна кард. Рӯдакӣ зери таъсири қонунҳои назми мадеҳавӣ намонд, балки онҳоро мувофиқи салоҳдиду табъи шоирии хеш ба шакли нав мураттаб сохт. Навпардозиҳои Рӯдакӣ дар мазмуну мундариҷа ва такомули жанри қасида зоҳир гардиданд. Вай ин навъи шеъриро, ки аслан мазмуни мадҳӣ дошт, зебу орои наве бахшид ва аз дар ҷиҳат онро ғанӣ сохт. Намунаи комили қасидаи ҳасбиҳолӣ «Шикоят аз пирӣ» мебошад. Аз ин қасида рӯзгори Рӯдакӣ, ёди давраи ҷавонӣ, шаъну эътиборе, ки ӯ дар даргоҳи Сомоноён дошт, инчунин хорию зорӣ ва афтодагиҳои айёми пирии шоир пеши назар меояд. Қасида мазмуни баланди фалсафӣ дорад. Шоири пурдида зимни тасвири вазъи зиндагии худ аз гардиши фалак, дигаргун шудани ҷаҳон андеша мекунад. Рӯҳи оптимистии қасида ҳам хеле қавист. Агар аз аввалу охири он чанд байт ихтисор шавад, он гоҳ мо ба ҷои нолаи пирӣ таронаи ҷавонӣ ва хуррамию шодмониҳои зиндагиро мешунавем.
Ос.: Осори Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958; Шеърҳо, Д., 1974; 1000 мисраи Рӯдакӣ. 1000 строк Рӯдакӣ, Д., 1984.
Ад.: А й н ӣ С., Устод Рӯдакӣ, Стаҳинобод, 1940 (бо ҳуруфоти лотинӣ); ҳамон му а л л., Устод Рӯдакӣ. Эпоха. Жизнь, творчество, М., 1959; Мирзоев А., Абӯабдулло Рӯдакӣ, Сталанобод. 1958; Рӯдакӣ ва замони ӯ (маҷмӯаи мақолаҳо), Сталанобод, 1958;
И. Брагинский.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …