Маълумоти охирин

РӮДА

РӮДА, дар аксар ҳайвонҳо роҳи (ҷойи) ҳозима аст, ки аз даҳон cap шуда то сӯрохии мақъад. (сӯрохии ақиб) тӯл мекашад; дар opганизмҳое, ки роҳи ҳозимаашон ба қисмҳо ҷудо шудааст, Рӯда қисми баъди меъда ояндаи он мебошад.
Дар просесси инкишофи ҷанинии ҳайвонот Pӯдаи аввалин дар давраи гаструла ҳосил шуда, ба воситаи дадони аввалин- бластопора бо муҳити беруна алоқаманд мешавад. Дар аксар ҳайвоноти бемӯҳра (кирмҳо, нармбаданҳо, бандпойҳо) бласт- опора дар ҳайвони болиғ ба даҳон табдил меёбад. Дар сӯзанпӯстҳо, баъзе ҳайвонҳои бемӯҳра ва ҳамаи ҳайвоноти хордадор дар ҷои бласт-опора сӯрохии ақиб ҳосил шуда, даҳон дар интиҳои дигари бадан аз нав инкишоф меёбад. Дар рӯдаковокҳои дараҷаи олӣ (полипҳои марҷонӣ, медузаҳои стсифоидӣ ва ғайра) Рӯдаи пеш, дар кирмдои лӯнда ва дайвондои бемӯҳрае, ки сӯрохии ақиб доранд, Pӯдаи ақиб инкишоф меёбад. Дар ҳамаи ҳайвонҳои мӯҳрадор роҳи ҳозима ба қисмҳо (ковокии даҳон, ҳалқ ва Рӯда) ҷудо шудааст. Худи Рӯда низ аз қисмҳои зерин иборат аст: Pӯдаи пеш (сурхрӯда ва меъда), Pӯдаи миёна (Pӯдаи борик) ва Рӯдаи ғафс.

ruda
Рӯдаи одам дарозтарин қисми (7 —9 м) роҳи ҳозима буда, аз баромаҳгоди меъда cap шуда то мақъад тӯл мекашад. Дар Рӯда хӯрок ҳазм шуда, моддаҳои ғизоӣ ба хун ё лимфа мегузаранд ва ба тамоми бадан паҳн мегарданд. Рӯдаи одам ду хел мешавад: Pӯдаи борик ва Рӯдаи ғафс ё қулун. Рӯдаи борик
—6 м) аа меъда оғоз меёбад ва якчанд маротиба печутоб хӯрда ба Pӯдаи ғафс мегузарад. Baй аа се қисм иборат аст: Pӯдаи дувоздаҳангушта ё дувоадаҳа, Pӯдаи наҳиф (тиҳӣ, холӣ) ва Рӯдаи тиҳигоҳ. Pӯдаи дувоздаҳангушта кӯтоҳтарин қисми Рӯдаи борик аст. Ба дарунн дувоадаҳа роҳи талха ва ғадуди зери меъда кушода мешаванд. Девори Pӯдаи борик аз се қабат ё парда иборат аст: қабати берунӣ, яъне пардаи зардобӣ (серозӣ), қабати миёнаи мушакӣ ва қабати дарунӣ ё луобпарда. Луобпарда дар Рӯдаи чинҳои ҳалқамонанди сершуморе ба вуҷуд меорад. Рӯи пардаи мухотӣ патҳои бисёре дорад, ки ин барои ҷаббидани моддаҳои гизоӣ роли калон мебозад. Дар чуқурии тиҳигоҳи рост қисми поёни Pӯдаи борик ба Pӯдаи ғафс мегузарад. Pӯдаи ғафс ба шаш қисм ҷудо мешавад: кӯррӯда (Pӯдаи аъвар) бо кирмрӯда ё изофаи кирмшакл, қулун (чархакрӯда)-и болорав, қулуни араӣ (чархакрӯдаи кӯндаланг), қулун (чархакруда)-и поёнрав, Pӯдаи сигмашакл ва Pӯдаи рост (мустақим). Девори Рӯдаи ғафсро пардаҳои луоби, мушакӣ ва зардобӣ ташкил медиҳанд. Луобпарда аз чинҳои ҳилолшакл иборат аст. Мушакпарда Рӯдаро ба заракат меорад ва аз ду қабат торҳои мушаки суфта иборат аст: қабати берунии тӯлонӣ ва қабати дарунии мудаввар (доирашакл). Кӯррӯда дар чуқурчаи тиҳигоҳи рост ҷойгир шудааст. Қулуни болорав ба девори ақиби холигии ишкам ва гурдаи рост мерасад; вай дар зери ҷигар ҳам гашта, ба қулуни арай мегузарад. Ин қисми Рӯда ба воситаи чини шикампарда ба девори ақиби шикам мечаспад. Вай дар канори поёни сипурз ва гурдаи чап хам гашта, ба қулуни поёнрав мегузарад; ин Рӯда дар тиҳигоҳи чап ба Pӯдаи сигмашакл мубаддал мешавад. Pӯдаи рост интиҳои Рӯда ва роҳи ҳозима буда, бо мақъад анҷом меёбад. Мақъад ду исканҷа ё ҳалқаи мушакии тазинқовар дорад: исканҷаи дарунӣ, ки аз мушакҳои суфта ва исканҷаи берунӣ, ки аз мушакҳои кӯндалангиах иборатанд. Рострӯда дар мардон дар ақиби пешобдон, манидонҳо ва ғадуди простата, дар занон дар паси мадбалу бачадон ҷой гирифтааст.
Ф. А. Абдураҳмонов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …