Маълумоти охирин

РӮБОҲ

РӮБОҲ (Vulpes), саълаб, як ҷинси ширхӯрҳои даррандаро гӯянд, ки ба оилаи сагшаклҳо мансуб аст. Фукаш борику гӯшҳояш рости нӯгтезанд. Танаш бо мӯи зич пӯшида шудааст. Рангаш вобаста ба ҷои зист ҳар хел мешавад; масалан, дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Тоҷикистон хокистаррангу дар дигар ноҳияҳои кӯҳӣ зарди сурхтоб. 6 (аз рӯи маълумоти дигар 7) намудаш маълум буда, дар ҳамаи материкҳо (ғайр аз Антарктида) зиндагӣ мекунад. Дар СССР 3 намудаш (Рӯбоҳи муқаррарӣ, корсак ва Pӯбоҳи афғонӣ) маскун шудааст.

lisa-122-1

Аз ҷумлаи онҳо дар Тоҷикистон 2 намудаш (Pӯбоҳи муқаррарӣ ва корсак) зиндагӣ мекунад. Рӯбоҳи м у қ а р р а р ӣ (V. Vulpes) намуди аз ҳама калон (дарозии танаш 60—90 см, думаш 40—60 см, вазнаш то 10 кг) мебошад. Дар Тоҷикистон 2 зернамуди Pӯбоҳи муқаррарӣ маълум буда, онҳо аз ҳамдигар бо ранги мӯй ва баъзе хусусиятҳои морфологӣ фарқ мекунанд. Корсак (V. corsak) нисбат ба Pӯбоҳи муқаррарӣ хурдтар аст; дарозии танаш 50—60 см ва думаш 25 —35 см. Рӯбоҳ бештар дар зонаҳои нибиёбону дашт ва доманаи кӯҳҳо, баъзан (бештар зимистон) дар наздикии деҳаҳои кӯҳӣ ва ҳатто шаҳрҳои калон маскун мешавад. Хӯрокаш асосан мушу калламуш, заргӯш, суғур, парранда ва баъзан ҳашарот мебошанд. Феврал— март ба гушн омада, баъди тақрибан 50—60 рӯз аз 3 то 12 (аксар вақт 3—5) бача мезояд. Pӯбоҳи афғонӣ (V. сана) аз ҳама хурд (дарозии танаш то 50 см) аст; думаш дарози сермӯй. Рӯбоҳ ҳашароту хояндаҳои зарарнокро нобуд карда ба хоҷагии халқ фоида меоварад. Пӯсташ дар саноат ба кор меравад.
А. И. Соков.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …