Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТИ ДАР АЛҶАЗОИР

РЕВОЛЮТСИЯИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТИ ДАР АЛҶАЗОИР

РЕВОЛЮТСИЯИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТИ ДАР АЛҶАЗОИР, револютсияе, ки 1 ноябри 1954 бо шӯриши чанд саднафар ватандӯстони алҷазоирӣ ба муқобили ҳукмронии мустамликадорони франсавӣ сар шуд. Ба Револютсия Фронти озодкунии миллӣ (ФОМ)-и ватандӯстони Алҷазоир, ки соли 1954 ташкил ёфта буд, роҳбарӣ мекард. Револютсия дар натиҷаи зулми мустамликавӣ ва тезу тунд гаштани зиддиятҳои миллӣ ва иҷтимоии байни оммаи васеи халқи Алҷазоир ва гурӯҳи хурди мустамликадорон ба амал омад.

r-aljazoir

Дар давраи якуми Револютсия (11954—62) халқи Алҷазоир ҷанги миллии озодихоҳӣ мебурд, ки вай характери зиддиимпериалистӣ, зиддифеодалӣ ва умумидемократӣ дошт. Базаи асосии иҷтимоии револютсияро деҳқонон ба барҳамдиҳии зӯроварии ширкатҳои капиталистони франсавӣ, мустамликадорони европоӣ ва феодалони Алҷазоир манфиатдор ташкил медоданд. Пролетариат дар ре-волютсия фаъолона иштирок менамуд, вале дар давраи аввали он ба сабаби аз ҷиҳати миллат ва иҷтимоӣ гуногун буданаш роли асосӣ бозида натавонист. Партияи Коммунистии Алҷазоир ба Фронти озодкунии миллӣ ФОМ ёрии ҳарбию сиёсӣ расонд. Сентябри 1958 Рес-публикаи Алҷазоир эълон ва Ҳукумати муваққатии он ташкил карда шуд. Дар рафти ҷанги солҳои 1954— 62 табақаҳои гуногуни халқи Алҷазоир дар амалиёти ҷангии Армияи миллии озодихоҳӣ (ташкилаш 1954), дар кори органҳои сиёсию маъмурии пинҳонкори Фронти озодкунии миллӣ ФОМ иштирок намуд. Қӯшунҳои Франсия (шумораи онҳо дар Алҷазоир 800 ҳазор нафар буд; 2/3 қисми авиатсия ва 1/2 қисми флоти ҳарбии Франсия дар ин ҷо амал мекард) револютсияро пахш карда натавонист. Халқи Алҷазоир, қатъи назар аз қурбониҳои зиёд (1,5 миллион кас кушта, тақрибан 2 миллион кас асиру маҳбус шуд, 9 ҳазор қишлоқ хароб гардид) ғалаба кард. Марти 1962 байни Ҳукумати муваққатии Алҷазоир ва Франсия оид ба бас кардани ҷанг, бо роҳи референдум худмуайянкунии Алҷазоир созиш-нома ба имзо расид. Дар референдуми 1 июли 1962 90 фоизи алҷа-зоириҳо барои истиқлолият, ки онро ҳукумати Франсия эътироф намуд, овоз доданд. Баробари ба даст омадани истиқлолият давраи дуюмн револютсия сар шуд. Ба ин давра ба гурӯҳҳо тақсимшавии қувваҳои иҷтимоию сиёсие, ки пештар дар сафи Фронти озодкунии миллӣ ФОМ меҷангиданд, хос аст; тарафдорони давомдиҳии револютсия ғалаба карданд. Азбаски капиталистон ва мустамликадорони европоӣ истисморгарони асосии халқи Алҷазоир буданд, ҷанги зидди мустамликави тадриҷан характери зидди-капиталистӣ гирифт. Программаи Триполия (июни 1962 қабул шуда буд) миллӣ кунонидани соҳаҳои асосии иқтисодиёт, зарурати исло-ҳоти аграриро эълон намуд. Солҳои 1066—66 шахтаҳо, конҳои маъдан, ҷамъияти суғурта, ‘банк, соҳаҳои асосии саноатӣ дар дасти хориҷиён буда, соли 1971 як қисми саноати нефт миллӣ кунонида шуданд. Соли 1971 дар бораи ислоҳоти замин қонун қабул гардид, ки мувофиқи он аз соли 1972 тақсими замин сар шуда, тақрибан 1 миллион гектар замини ҷамъиятӣ ба ихтиёри 60 ҳазор деҳқонони безамин ва камзамин гузашт. Аз соли 1974 хизматрасонии бепули тиббӣ ҷорӣ ва андоаи деҳқонон бекор гардид. Вале чораҷӯиҳои прогрессивие, ки дар давраи дуюми револютсия гузаронида мешаванд ба муқобилияти қув-ваҳои зиддиреволютсионӣ (мулкдорон ва заминдорони калон) дучор меоянд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …