Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ 1848—49 ДАР ВЕНГРИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ 1848—49 ДАР ВЕНГРИЯ

РЕВОЛЮТСИЯИ 1848—49 ДАР ВЕНГРИЯ, револютсияи буржуазиест, ки вазифаи он барҳам додани сохти феодалию крепостноӣ ва зулми миллӣ дар мамлакат, ба даст овардани истиқлолияти миллии Венгрия буд. Давраи охирини револютсияҳои солҳои 1848—49 дар Европа мебошад. Деҳқонон, косибон, камба-ғалони шаҳр ва коргарон қувваҳои асосии ҳаракатдиҳандаи он буданд. Револютсия 15 марти 1848 бо шӯриши халқӣ дар Пешт, ки зери таъсири ғалабаи револютсияи Вена ба амал омада буд, сар шуд. Дар рафти шӯриш, ки ба он Ш. Петёфи ва П. Вашвари сарварӣ мекарданд, дар маҷлисҳои халқӣ программаи ислоҳотҳои буржуазию демократиро қабул намуданд («Дувоздаҳ модда»), ҳокимият ба ихти-ёри Комитети наҷоти ҷамъият, ки намояндагони қувваҳои демократӣ таъсис карда буданд, гузашт. Баъди чанде отрядҳои Гвардияи миллӣ ташкил ёфтанд. Бо даъвати комитет дар Сегед, Дёр, Мишколс ва дигар шаҳру районҳо шӯришҳои халқӣ сар зада, органҳои ҳокимияти ре-волютсионӣ ба вуҷуд омаданд. 17 март император Фердинанди I (шо-ҳи Венгрия Фердинанди V) маҷбур шуд, ки «Ҳукумати мустақил ва масъулк Венгрия»-ро бо сардорин граф Л. Баттьяии таъин кунад. 18 март Маҷлиси давлатӣ як қатор ислоҳотҳои буржуазӣ гузаронд (оид ба бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ, баршина ва десятина, ан-дози пул, суди помещикӣ ва ғайра) ва андози умумӣ муқаррар намуд.

r-1978-vengriya

Дар зери фишори қувваҳои револютсионӣ 11 июл Маҷлиси давлатӣ дар бораи ташкили армияи миллии Венгрия қарор қабул кард. Габсбургҳо шӯриши Венаро пахш карда, декабр 1848 қувваҳои асосии худро ба муқобили Вонгрияи револютсионӣ равона намуданд. 5 январи 1849 қӯшуни Австрия Пештро ишғол намуд. Комитети муҳофизати ватан ва Маҷлиси давлатӣ ба Дебресен кӯчид. Комитети муҳофизати ватан барои пурра кардани армия (то 100 ҳазор нафар) ва аслиҳаи он як қатор тадбирҳо андешид. Дар ҳудуди Венгрия ҳаракати партизанӣ авҷ гирифта, барои ҳимояи револютсия аз Вена отрядҳои ҷавонони револютсионер омаданд. Аз ихтиёриёни ғайривенгер қисмҳои ҳарбӣ ташкил ёфтаад. Ба армияи Венгрия бисёр револю-тсионерон ва лашкаркашони Полша дохил шуданд (Ю. Бем, Г. Дем-бинский ва дигар). Феврали 1849 қӯшуни империя ба Дебресен ҳуҷум кард. Апрели 1849 қӯшуни Венгрия ба қӯшуни империя зарба зада, қариб ҳамаи территорияи мамлакатро озод намуд. 14 апрел 1849 Маҷлиси давлатӣ «Декларасияи истиқлолият»-ро қабул кард, ки мувофиқи он Габсбургҳо сарнагун гардиданд. Дворянҳои либералӣ аз авҷгирии ҳаракати халқ тарсида, ошкоро барои қатъи револютсия ва созиш бо Габсбургҳо баромад карданд. Ҳукумати Венгрия, ки 2 маи 1849 бо сардории Б. Семере ташкил ёфта буд, нисбат ба дворянҳои зиддиреволютсионӣ мусоҳилакорӣ кард. Фармондеҳони армияи Венгрия дар шахси А. Гёргей ва дигар армияро заиф гардонданд. 21 апрели 1849 император Франс Иосиф ба Николайи I муроҷиат намуда, барои мубориза ба муқобили револютсияи Венгрия аз вай мадад хост. Маи 1849 подшоҳи рус ба муқобили револютсияи Венгрия интервенсияи мусаллаҳ сар кард. 13 августи 1849 дар назди Вилагош қувваҳои асосии армияи револютсионӣ бо сардори А. Гёрген ба фармондеҳи қӯшунҳои Россияи подшоҳӣ И. Ф. Паскевич таслим шу-данд. Баъд аз чанд ҳафта револютсия пахш карда шуд. Қатъи назар аз ин мағлубият Револютсия зарбаи сахте ба сохти феодалию крепостной буд. Анъанаҳои ватандӯстӣ ва револютсионӣ халқи венгерро ба муборизаи минбаъда баҳри озодӣ ва истиқлолият рӯҳбаланд кард. Хиёнати буржуазияи либералӣ сабаби шикастхӯрии револютсия гардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …