Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПЯРНУ

Шаҳри ПЯРНУ

ПЯРНУ (собиқ Периов), щаҳрест дар РСС Эст. Дар ҳар ду соҳили дарёи Пярпу (дар ҷои ба халиҷт Рига рехтани он) воқеъ гаштааст. Бан­дари баҳрӣ ва дарёӣ. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 51 ҳазор нафар (1978). Курорти иқлимии наздибаҳрӣ ва табобати лойқавӣ. Дар Пярну бемории узвҳои гардиши хун, ҳаракат ва такягоҳ, системаи асаб, узвҳои ҳозима, гинекологӣ ва ғайра табобат карда мешавад. Комбинатҳои консерви моҳӣ, чӯбу тах­та, фабрикаҳои ресмонресӣ (аз катон), бофандагӣ, заводи мошинсозӣ, корхонаҳои чармгарӣ, хоҷагии ҷангал дорад. Театри драма, музейи кишваршиносӣ, музейи ёдгории шоира Ли­дия Койдула ва турбаза мавҷуданд.

pyarnu

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …