Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУСТОВОЙТ Василий Степанова

ПУСТОВОЙТ Василий Степанова

pustovoyt-v

ПУСТОВОЙТ Василий Степанова (14. 1. 1886, деҳаи Тарановка, вилояти Харков —11. 10. 1972, Краснодар),  селексионери советӣ, акад. АФ СССР (1964) ва ВАСХНИЛ (1956), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957, 1963), Ходими Хизматнишондо­даи Илми РСФСР (1969). Аъзои КПСС аз соли 1963. Соли 1907 Омӯзишгоҳи зироати Харков ва соли 1926 Ин­ститути хоҷагии қишлоқи Кубанро хатм кард. Солҳои 1908—1924 муаллими Техникуми хоҷагии қишлоқи Кубан (то соли 1918 Мактаби хоҷагии қишлоқи Кубан), 1926—1930 мудири кафедраи генетика, селексия ва тухмипарварии Институти хоҷагии қишлоқи Кубан буд. Соли 1912 дар назди Мактаби хоҷагии қишлоқи Кубан майдони таҷрибавии селексионии «Круглик» (аз соли 1932 Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии растаниҳои равғандор)-ро ташкил кард. Солҳои 1935—1972 мудири шӯъбаи селексия ва тухмипарварии растаниҳои равғандор ва лабораторияи селексияи офтобпарасти Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии растаниҳои равғандор буд.

Пустовойт яке аз ташаббускорони селек­сияи офтобпарасти серравған аст. Системаҳои нави самарабахши се­лексияи тухмипарварии офтобпараст. 20 навъи серравғани офтобпараст («Передовик», «ВНИИМК 8883», «ВНИИМК 6540», «Смена» ва ғайра)-ро, ки то 57% равған доранд, ба вуҷуд овард. Дар СССР навъҳои офтобпарасти селексияи Пустовойт зиёда аз нисфи кишти ин зироатро ташкил дод; дар мамлакатҳои хориҷа — қариб 1 млн га. Депутати Совети Олии РСФСР (даъватҳои 3—5 ва 8). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1946) ва Мукофоти ленинӣ (1959). Бо 3 ордени Ленин, ордени Револютсияи Ок­тябр, 3 ордени дигар, инчунин бо 3 ордени мамлакатҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.

Ас: Избр. труды, М.. 1966; Руководи ство по селекции и семеноводству мас­личных культур, под общ. ред. В. С. Пустовойта, М,, 1967; Приемы выращи­вания семян подсолнечника, Краснодар, 1969.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …