Главная / Гуногун / ПУСТОВОЙ Иван Федорович

ПУСТОВОЙ Иван Федорович

ПУСТОВОЙ Иван Федорович (13.12. 1926, деҳаи Каменоватово, вилояти Одес­са—11. 12. 1981, шаҳри Душанбе), олим, духтури ҳайвонот, доктори илмҳои ветеринарӣ (1971), профессор (1972), аъзо- корр. АФ РСС Тоҷикистон (1974). Аъзои КПСС аз соли 1962.

Соли 1952 Институти хоҷагии қишлоқи          Одессаро хатм кард. Солҳои 1943—1947 дар сафи Армияи Советӣ, 1952—1955 аспирант, 1956—1961 ходими калони илмии шӯъбаи паразитологияи Институти тадқиқоти илмии чорводорӣ ва ветеринарии ВХҚ-и РСС Тоҷоҷикистон, 1961—1963 муднӯири шӯъбаи гелминтология ва аз соли 1963 директори Институти тадқиқоти илмии ветеринарии ВХҚ-и РСС Тоҷикистон буд. Пустовой асосан оид ба масъалаҳои эпизоо­тологияи касалиҳои гелминтозии ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, экология ва био­логияи ангезандаҳо, профилактика ва пешгирии касалиҳо, масъалаҳои манбаи табиии касалиҳо тадқиқот бурда, бештар аз 140 асару мақолаҳои илмӣ навиштааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Эпизоотология гемолхоза овец и меры борьбы с ним в Таджикской ССР, «Тр. Таджикского НИВИ», Д., т. I 1963; Метод фенологических прогнозов в гельминтологии по тепловому факто­ру, дар кит.: Гельминтоаы человека, животных и растений и меры борьбы с ними, М., 1968; Итоги и перспективы исследований по природноочаговыи болезням животных и человека в Таджи­кистане, «Тр. Таджикского НИВИ», Д, т. 7, 1977.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …