Маълумоти охирин

ПӮСТИН

ПӮСТИН, як навъ либоси зимистонаро гӯянд. Аз қадимулайём бай­ни ҳалқҳои Осиёи Миёна ду хели Пӯстин-абрадор ва беабра вуҷуд дорад. Пӯсти барраро барои остин, тахтапушт, тириз порча-порча бурида, аз беқасаб ва ё дигар матои зебо фаровез тайёр мекунанд. Аввало остин, сари китф, тириз ва пас бари доманро медӯзанд. Аз трикои сиёҳ абра тайёр намуда, рӯйкаш меку­нанд, фаровезу мағзӣ медӯзанд, гиребонашро бо мошини дарздӯзӣ ва ё дастӣ чанд қатор майда медӯзанд, ки он Пӯстини абрадор ном дорад. Дар гузашта онро одамони давлатманд мепӯшиданд. Пӯстини беабра аз порчаҳои калон-калон буридашудаи пӯсти серпашми гӯсфанд тайёр карда ме­шавад. Чунин Пӯстинҳоро бештар дар районҳои кӯҳӣ ва деҳот мепӯшанд. Ҳар ду хели Пӯстинро устоҳои махсус — пӯстилдӯзон (мардон), дар Каротегин занон низ медӯзанд. Пӯстинро аз пӯсти рӯбоҳ, хирс, гург, шағол, санҷоб ва дигар ҳойвоноти ваҳшӣ низ тайёр мекунанд.

З. А. Широкова.

pustin

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …