Маълумоти охирин

ПУШТА

ПУШТА, як навъ қабр ва топпаҳои болои қабрҳои кӯҳнаро гӯянд. Баъзан харобаҳои гуногуни иншооти рӯи қабрро низ Пушта меноманд.

pushta-2

Пуштаҳои қадимтарин дар охири давраҳои неолит ва энеолит (қазораи 4—3 то мелод) дар даштҳои соҳилҳои баҳрҳои Каспию Сиёҳ (Пуштаи маданияти Древнеяма), Наздикавзия (Пуштаи маданияти Майкоп) ва Закавказия ба вуҷуд омадаанд. Пушкасозӣ дар нимаи дуюми ҳазораи 3 то мелод дар Осиёи Хурд, Миёна, Балкан, Ев­ропаи Марказӣ, баъдтар дар ҳама қитъаҳои олам (ба ҷуз Австралия) маълум гашт.

Пушта шакли нимдоираро дошта, баъ­зан байзашакл ё асосаш росткунҷа ҳам мешавад. Андозааш гуногун: баландиаш аз 0,3—0,6 м то 20 м ва аз он ҳам бештар, диаметраш мутобиқан 3—4 м ва зиёда аз 100 м шуда метавонад. Пуштаҳои дароз намуди теппаҳои тӯлониро доранд, ин аз гӯронидани ҳасади аъзоёни як қавм пайдо шудаанд. Дар болии қабр ва майити дар рӯи замин гӯронидашуда низ Пушта месохтанд. Қабрҳои зери Пушта гуногунсохтанд: дахма, лаҳад, қабрҳои бо тахта рӯйкашшуда ва ғайра. Дар зери теппа ба ғайр аз қабр иншооти иловагӣ — деворчаҳои сангӣ, хиштӣ, кулӯхӣ низ буда метавонанд. Баъзе халқҳо мувофиқи урфу одаташон майитро сӯзонида, хокистари онро зери Пушта мегузоштанд. Пуштаҳое маълуманд, ки бар қабрҳои ҳар як қавм сохта шудаанд. Дар теппаҳо ба ҷуз қабрҳои асосӣ қабрҳои дертар сохташуда низ вомехӯранд. Баъзан болои ҳар як қабри минбаъда теппа мебардоштанд, ки аз ин Пушта боз ҳам баландтар мешуд. Аз теппаҳои Пушта осори гулхан, устухони ҳайвонот, зарфҳо ва ғайра ёфт мешаванд. Қариб ҳамеша ба қабр асбобу анҷоми рӯзгор, ҳӯрокворӣ, силоҳ, баъзе қабилаҳо бошад, дар ҳамин ҷо ё дар хонаи махсуси зе­ри теппаҳо аспу ғуломон ва занони марҳумро дафн мекарданд. Пушта алоҳида ё гурӯҳ-гурӯҳ воқеъ гашта, баъзан то 3000 теппаро дар бар мегиранд. Баробари афзудани бойгарии табақаҳои иҷтимоӣ фарқияти қабри одамони доро ва камӣағалон низ афзуд. Хусусан Пуштаҳои пешвоёни қабилаҳое, ки дар миёна ва охирҳои ҳазораи 1 то мелод дар даштҳои қисми европоии СССР (скифҳо, меотҳо), Сибири Ҷанубӣ ва Муғулистон зистаанд, бо андоза ва бойгарии худ фарқ мекунанд. Дар шаҳрҳои Россия урфу одати дар Пуштаҳо гӯронидани майит баъди ҷорӣ гаштани масеҳият барҳам хӯрда бошад ҳам, дар деҳот то асри 14 давом кард. Дар Тоҷикистон Пуштаҳо аз қабристонҳои Даҳана, Оқтом ва ғайра ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …