Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПУШКИН

Шаҳри ПУШКИН

ПУШКИН (аз 1728 — Тсарское Село, 1918—1837— Детское Село, аз 1937 ба муносибати 100-солагии рӯзи вафоти А. С. Пушкин номи ӯ дода шудааст), шаҳрест дар вилояти Ленингради РСФСР. Стансияи роҳи оҳан 24 км ҷанубтар аз шаҳри Ленинград. Аҳолиаш 87 ҳазор нафар (1978). Дар Пушкин заводҳои мошинҳои роҳсозӣ ва асбобҳои электрӣ, фаӣрикаи бозичаҳо, Институти хоҷагии қишлоқи Ленинград, Музеи умумииттифоқии А. С. Пушкин (1967) ва калонтарин дар СССР комплекси қабру боғоти асрҳои 18—19 воқеъ аст. Солҳои 1708 территорияи ҳозираи Пушкинро Пет­ри I ба ҳамсараш — маликаи оянда Екатеринаи I тақдим карда буд. Дар нимаи дуюми асри 18 Исарское Село ба қароргоҳо подшоҳ табдил ёфт. Дар асри 18 ва ибтдои асри 19 дар Пушкин қасрҳои мӯҳташам сохта шуда, боғҳо ва ёдгориҳои гуногун бунёд гардиданд. Солҳои 1811—1817 дар ин ҷо А. С. Пуш­кин таҳсил кардааст. Аз 17 сентябри 1941 то 24 январи 1944 шаҳрро истилогарони фашистии немис ишғол карда буданд. Дар солҳои баъди ҷанг Пушкин аз нав ободу зебо гардонида шуд.

pushkin-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …