Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУШКИН Александр Сергеевич

ПУШКИН Александр Сергеевич

pushkin1

ПУШКИН Александр Сергеевич (6. 6. 1799, Москва—10. 2. 1837, Пе­тербург), шоир, асосгузори адабиёти нави рус. Аз оилаи дворянини миёнаҳол. Аввалин қувваозмоиҳои Пушкин дар шеър ба давраи бачагии ӯ рост меоянд. Солҳои таҳсил дар ли­тсеи Сарское Село дар шоирӣ шӯҳрат ёфт. Барои литсеи Сарское Со­ло, ки Пушкин соли 1811 ба он дохил шу­дааст, интишори ғояҳои озодихоҳӣ хос буд. Ба равнақи афкори револютсионӣ ва ватанхоҳӣ Ҷанги ватании соли 1812 низ мусоидат кард ва дар нахустин шеърҳои Пушкин таъсини муфиде гузошт («Хотираҳо дар бораи Сарское Село», 1814; «Шаҳрча», «Гул», 1815; «Хоб», «Орзу», «Ба дӯстон», 1816 ва ғайра). Пушкин бо ҷамоаи адабии Н. М. Карамзин ва сонитар бо П. Я. Чаадаев робита пайдо кард. Дар шеърҳои ин давра (1817—1820) тасвири зиндагии туфонии шоири чавон ва ҷавонони Петербург мавқеи калон дорад. Рӯҳи озодидӯстӣ ва лиризми нарм, омезиши анъана ва навпардозиҳои далеронаи роман­тикӣ ба ашъори Пушкин («Ба Чаадаев», «Ба Жуковский», 1818; «Таҷаддуд», 1819) хусни нав бахшиданд. Пушкин дар ин солҳо ба достонсароӣ рӯ оварда, тадриҷан ба кашфиётҳои нодир ва марғубе расидааст, ки зимни таъсири сюжет ва мазмунҳои барои адабиёти рус нав дар сабки нотакроре сурат гирифтаанд. Аввалин достони шоир «Руслан ва Людми­ла» (1820) ифодаи андешаҳои лири­кӣ дар сюжети фусунгари шарқӣ, бойгарии забони русӣ ва рӯҳи романтикии вай аст. Пушкин дар ин достон ба воситаи образҳои афсонавӣ рӯҳи замонро моҳирона ифода кардааст. Мавзӯи Шарқ ва истифодаи мазмунҳои романтикии рӯзгари пурошӯби мардуми ин кишварҳо дар эҷодиёти Пушкин бештар ҷой гирифта, пас аз сафари ӯ ба Кавказу Қрим заминаи ҳастӣ пайдо мекунад.

Навари фалсафӣ ба таърих ва таҷрибаи пешқадаму ибратбахши халқҳои Европа минбаъд боз ҳам амиқ меравад (повестҳои «Дубровский», 1832; «Таърихи Пугачёв», 1833; достони «Мисинсавор», 1833; «Модкаи қарамашоқ», 1833; «Шабҳои Миср», 1835; «Духтари капитан», 1833—1836). П.ушкин ба эҷо­диёти шифоҳии халқ мароқи калон дошт. Бисёр асарҳои ӯ дар асоси қиссаву ривоятҳои халқӣ ва афсонаҳои дояаш офарида шудаанд («Қиссаи поп ва хизматгори ӯ Ландаҳур», «Афсонаи шоҳ Султон», «Қиссаи шоҳдухтари мурда ва ҳафт паҳлавон», «Қиссаи моҳигир ва моҳии тилло»). Миёнаи соли 1830 дар доираҳои адабиву илмӣ ба асарҳои барҷастаи Пушкин баҳои нодуруст доданд, ки ин шоирро хеле рӯҳафтода кард. Дар шеърҳои «Фурсат расид, дӯсти ман, фурсат» (1834), «Мусофир» (1835) ва ғайра натиҷаи ҳамин рӯҳафтодагиро дидан мумкии аст. Соли 1836 Пушкин ба таъсиси журнали «Современник» ва дар атрофи он ғун кардани беҳтарин қувваҳои адабӣ муваффақ мешавад. Чанде пеш аз марги фоҷиавии худ Пушкин «Кохи ёдгор»-ро навишт, ки ба шеъру манзумаҳои дар ин мазмун офаридаи Гомер ва Фирдавсӣ ҳамоҳанг аст.

Пушкин ба адабиёти классикии фарс-тоҷик таваҷҷӯди хосе дошта, дар таъсири эҷодиёти Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар, ки осорашон тавассути тарҷумаҳо ба забонҳои русӣ ва аврупоӣ дастраси ӯ буданд, достонҳо («Руслан ва Людмила», «Фонтани Боғчасарои») ва шеърҳо («Ангур», 1824; «Эй гулдухтар…» 1824, «Булбул ва гул», 1827; «Дар давои фора­ми фаввораҳо», 1828; «Аз Ҳофиз», 1829 ва ғайра) сурудааст. Пас аз таъли­фи «Фонтани Боғчасарой», ки он ҷо порчае аз Саъдӣ ҳамчун эпиграф омадааст, зиёиёни рус Пушкинро «Саъдии давони мо» мегуфтанд. Пушкин на танҳо аз мазмуну мавзӯъҳо, воситаҳои ба­деии адабиёти классикии форс-тоҷик, балки аз навъҳои адабии он, махсусан, ғазал истифода бурдааст. Эҷодиёти Пушкин, ки дастовардҳои адабиёт ва санъати ҷаҳониро ба тав­ри наве ҷамъбаст кардааст, ибрати қарнҳо ва халқҳо, давраҳо ва марҳилаҳои нави инкишофи ҷамъият мебошад. Таҷрибаи эҷодии Пушкин ба марҳилаи нави инкишофи адабиёт ва санъит, ки минбаъд бо номи эстетикаи реалистӣ нуфуз пайдо кард, асоси мустаҳкам ва навписандона гузоштааст. Аз реализми Пушкин на танҳо М. Лермонтов, П. Гогол, И. Тур­генев, И. Некрасов, Л. Толстой, А. Чехов барин классикони адабиёт ба майдон омадаанд, балки ин таҷриба самти ҷустуҷӯҳой адабиёти халқҳои гуногун, адабиёт ва санъати ҷаҳонро низ муайян кардааст. Бис­ёр жанрҳои реалистӣ: романи таъ­рихӣ, повести фалсафӣ, очерк ва драматургия, инчунин давраи нави инкишофи забони адабии рус ва тавоноии он аз Пушкин ибтидо меёбад. Дастовардҳои ӯ дар тадқиқи бадеии таърих, ки тавассути методи реалистӣ ва аз назари таърихшиносии илмӣ сурат гирифтааст, ба­рои бисёр халқҳо намунаи ибрат мебошад. Гуманизми Пушкин, ғояҳои баланди асарҳои ӯ имрӯз ба халқҳои дигар рӯҳ мебахшанд, ба нависандагони гуногуни олам илҳом медиҳанд. Бештар аз 80 сол аст, ки асарҳои Пушкин ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, ба шакли мунтахабу маҷмӯа, ҷилдҳои алоҳидаи шеъру достон нашр мешаванд. А. Лоҳутӣ ва Ҳ. Юсуфӣ, М. Турсунзода ва М. Раҳимӣ, С. Улуғзода ва М. Фардату Ш. Лоиқ дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи адабиёти советии тоҷик ба тарҷумаи Пушкин машғул шудаанд.

Афсонаи Пушкин «Қиссаи моҳигир ва моҳиии тилло» дар рӯзҳои ҷашнгирии 100-солгии шоир (1899) ба то­ҷикӣ тарҷума шуда (мутарҷим Адҷзӣ), дар мактаби усули нави Абдуқодири Шакурӣ омӯзонида ме­шуд. Охири солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30, махсусан дар 5—6 соли пас аз Съезди 1-уми нависандагони СССР асарҳои зиёди Пушкин ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудаанд. «Духтари ка­питан», «Қиссаи поп ва хизматгори ӯ Ландаҳур», «Қиссаи шоҳ Султон», «Қиссаи моҳигир ва моҳири тилло», повестҳои «Модкаи қарамашоқ», «Дубровский», «Ҳикояҳои Белкин», «Бандии Кавказ», «Бӯрон», «Борис Годунов», «Фонтани Боғчасарой», «Қиссаи шоҳдухтари мурда ва ҳафт паҳлавон», «Бародарони ғоратгар», «Полтава» дар шакли китобҳои алоҳида ба табъ расидаанд. Соли 1947 бо номи «Чанд асар» бо муқаддима ва дар тарҷумаи А. Лоҳутӣ асарҳои Пушкин— «Дар ҳавои дилкаши фаввораҳо», «Кохи ёдгор», «Достони Олеги дилогоҳ», «Мотсарт ва Салери», «Мисинсавор», «Қиссаи моҳигир ва моҳии тилло» ва соли 1949 асарҳоя Пушкин дар ду ҷилд ба забони тоҷикӣ интишор ёфтанд. Романи манзуми П. «Евгений Онегин» соли 1967 (тарҷ. М. Фарҳат) ба забони тоҷикӣ чоп шуд. Бештари асарҳои Пушкин ба программаи таълими мактабҳои тоҷикӣ даромадаанд. Пушкин дар шеъру достонҳои шоирони тоҷик С. Айнӣ, А. Ло­ҳутӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҳ. Юсуфӣ, М. Фарҳат ва дигарон тараннум шудааст. Таҷрибаи эҷодии Пушкин ба қувват додани ҷустуҷӯй имкониятҳои адабиёти миллӣ, анъанаҳои бойи эҷодиёти лафзии халқ, эҳсосу идроки бойгарии реализм ва инкишофи он дар заминаи миллӣ мусоидат намудааст. Дар Тоҷикистон Театри драмаи мусиқии  Ленинобод, бисёр кӯчаву мактабҳо мансуб ба номи Пушкин мебошанд.

Тасвир дар саҳифаи 128—129.

Ос.; Кохи ёдгор. Шеърҳо ва поэмаҳо. Д., 1976; Полное собрание сочинений в 10-и томах, М., 1959—62.

Ад.: Ҳусейнзода Ш., Пушкин ва шоиронн тоҷик, дар кит. ӯ: Баҳс ва андеша, Д.. 1965; Юсуфи Ҳ., Пушкин ва Байрон, дар кит. ӯ: Роҳи нотамом, Д., 1973; Шодиқулов X., Кохи ёдгор, ж. «Садои Шарқ», 1974,  Брюсов В., Мой Пушкин, М,—Л., 1929; Мей­лах Б., Пушкин и его эпоха, М., 1958; Степанов Н., Лирика Пушкина, М., 1959; квмон м у а л л., Проза Пушкина, М. 1962; Пушкин в странах зару­бежного Востока, М., 1979. Ҳ. Шодиқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …