Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПУШИЁН

Деҳаи ПУШИЁН

ПУШИЁН, деҳаест дар Совети қишлоқи Пахтакори pайони Восеъ, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи С. М. Киров. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 27 км; рох асфалтпӯш. Аҳолиаш 1083 нафар (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, 2 китобхона, клуб, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, устохонаи дӯзандагӣ, парки тракторҳо, фермаи говпарварӣ, магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ, обчакорӣ, кирмакдорӣ. Заминҳо аз дарёи Яхсу ва чашмаҳо обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …