ПУСАН, шаҳр, калонтарин бандарест дар Кореяи Ҷанубӣ, дар соҳили гул. Корея. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба музофот мувофиқ аст. Аҳолиаш беш аз 2 млн нафар (1979). Пусан— узели муҳимми нақлиёт, базаи моҳигирӣ. Содаҳои саноаташ: бофандагӣ (асосан матоъҳои пахтагин), хӯрокворӣ (аз ҷумла шоликӯбӣ), металлургӣ, электротехникӣ, химия, резин, коркарди металл ва мошинсозӣ (аз ҷумла киштисозӣ). Стансияи калони электрии олавӣ дорад. Дар наздикии Пусан курорти аз қадим машҳуре ҳаст. Пусан тахминан дар асрҳои аввали милод ҳамчун маҳалли аҳолинишини Кая (Карак) бунёд ёфтааст.