ПУРИ ФАРИДУН (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири охири асри 13 ва аввали асри 14 форс-тоҷик. Пури Фаридун аз курдони Форс буда, дар Шероз умр ба cap бурдааст. Ба қавли тазкиранависон ашъори зебову рангин ва дилнишин доштааст; чанде аз рубоиёту дубайтиҳои ба лаҳҷаи диёраш ва ба забони адабӣ сурудааш то ба мо расидааст. Намунае аз дубайтиҳои ӯ;
Азизо, мардӣ аз номард то кай?
Фиғону нола аз бедард то кай?
Ҳақикат бишнав аз Пури Фаридун,
Ки шӯъла аз танӯри сард то май?
У. Яҳёев