Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУРИ ДОВУД Иброҳим

ПУРИ ДОВУД Иброҳим

ПУРИ ДОВУД Иброҳим (1885, Рашт—1968, Теҳрон), шоир, олим ва адабиётшиноси эронӣ. Аз  оилаи бозаргон. Дар Теҳрон, Бей­рут, Париж таҳсил кардааст. Аъзои Фарҳангистони Эрон, раёсати Анҷумани фарҳангии Эрон ва Олмон (Германия), раёсати Анҷумани эроншиносӣ ва омӯзишгоҳҳои эронӣ буд. Доктори фахрии университети Деҳлӣ. Аз овони кӯдақӣ ба шеърнависӣ cap кардааст. Девони ашъораш — «Пурандохтнома» соли 1927 дар тарҷумаи англисӣ дар Бамбай ба табъ расид. Пури Довуд дар шеъри форсӣ равияи навро пеш гирифта буд. Ӯ мекӯшид қатъан аз калимоти бегона, махсусан ара­бӣ, истифода накунад. Баъзе аз шоирони ҳамзамонаш ба ӯ пайравӣ карданд, вале баъдтар аз ин роҳ бозгаштанд. Пури Довуд тамоми ҳаёти худро ба омӯзиши адабиёту маданияти Эрони Қадим, тарҷумаи ёдгории адабиву динии халқҳои эронижод — Авесто бахшидааст. 1926 дар Бамбай Готҳоро ба забони форсӣ бо тафсирот, матни авестоӣ ва тарҷума ба англисӣ чоп кунонид. Пас аз ин ба Берлин омад ва қисмҳои дигари Авесто — «Ясно», «Яштҳо»-ро тарҷума кард, ки онҳо солҳои 1930—1935 дар Бамбай чоп шудаанд. Пури Довуд  аз Берлин ба Эрон баргашта, омӯзишу тарҷумаи Авесторо давом дод. Дар баробари ин ӯ дар Университетити Теҳрон дарс мегуфт. Дар Теҳрон асарҳои нави Пури Довуд — «Фарҳанги Эрони Бостон» (ҷилди 1, 1946, ҷ. 2—3, 1953), «Ёддоштҳои Готҳо» (1957) ва ғайра нашр шуданд. Пури Довуд ҳамчун роҳбари ҳайати вакилони Эрон дар конгрессҳои 25-ум (Москва, 1960) ва 26-уми шарқшиносон (Деҳлӣ, 1964) иштирок кар­дааст. Пури Довуд бо даъвати нависандаи машҳури Ҳиндустон — Такур дар Университети «Висабҳарати»-и Ҳиндустон дарс гуфтааст. Соли 1965 Пури Довуд ба гирифтани мукофоти ба номи Такур ноил гардид.

  1. M. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …