Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУРИ БАҲОИ ҶОМӢ

ПУРИ БАҲОИ ҶОМӢ

ПУРИ БАҲОИ ҶОМӢ (тахаллусҳояш «Б а ҳ о», «Пури Б а ҳ о»; соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик. Дар асрҳои 13— 14 умр ба cap бурдааст. Аҷдодаш аз вилояти Ҷом буда, мансаби қозигӣ доштаанд, вале Пури Баҳои Ҷомӣ ба ин касб дил надода, бештари умрашро дар Ҳирот ба таълифи осори адабӣ сарф кардааст. Пури Баҳои Ҷомӣ бо хонадони вазири муғулон Ҷувайнӣ қаробат дошт ва дар васфи Шамсуддини Соҳибдевон қасидае гуфтааст, ки он бо номи «Қасидаи муғулия» машҳур аст. Пури Баҳои Ҷомӣ бо шо­ири ҳамзамонаш—Ҳумоми Табрезӣ мушоира кардааст. Дар тазкираҳо ва асарҳои таърихӣ («Тазкират- уш-шуаро»-и Давлатшод, «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ. «Таърихи Вассоф»-и Вассоф) Пури Баҳои Ҷомӣ шоири номӣ ва пурмаҳсули соҳибдевон зикр гардидааст, вале аз осори ӯ то замони мо якчанд порчаи қасидаҳояш, ғазалу қитъаҳо ва байтҳои пароканда боқӣ мондаанд. Аксари шеърҳои боқимондаи Пури Баҳои Ҷомӣ аз шоири ҳаҷвнавис будани ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Дар чанде аз шеърҳояш ишқу муҳаббат, майгусорӣ, хушиҳои зиндагӣ ва ғайраро тараннум намудааст. Порчаи зерин намунае аз осори Пури Баҳои Ҷомӣ аст:

Шукр эзидро, ки то ман будаам,

Озу хирсам як замон ранҷа накард.

Ҳеҷ кас аз ман шабе ғамгин нахуфт,

Ҳеҷ нас рӯзе набуд аз ман ба дард.

Аз тамаъ харгиз надодам пушт хам,

В-аз ҳасад ҳаргиз накардам рӯй зард.

Ҳеч дардеро набудам ман сабаб.

Балки будам ҷумларо дармони дард…

Ад.: Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII—XIV, Д., 1976.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …