ПУРБИН, асбоби оптикиест, ки аз линзаи дар ду тарафаш барҷаста иборат буда, барои калон карда нишон додани ашё таъин шудааст. Масофаи фокалии линза ҳар қадар хурд бошад, Пурбин тасвирро ҳамон қадар калон карда нишон медиҳад. Вале дар амалия масофаи фоналиро басо хурд кардан имконнопазир аст. Бинобар ин дар Пурбин тасвири ҷисмҳоро аз 1,5 то 400 маротиба калон карда дидан имконпазир мегардад.
Ад.: Элементарный учебник физики, т. 3, М., 1971.