Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПУНКТИ ПАШМТАРОШӢ

ПУНКТИ ПАШМТАРОШӢ

ПУНКТИ ПАШМТАРОШӢ, муассисаи бо асбобҳои технологӣ таҷҳизонидашудасст барои тароши пашми бузу гӯсфандон. Пункти пашмтароширо ба м у қимӣ (бузу гӯсфандонро барои тарош ба он ҷо мебаранд) ва сай­ёр (таҷҳизоти пашмтарошӣ ба ҷои нигоҳдорӣ ва ҷарогоҳи бузу гӯсфандон бурда мешавад) ҷудо мекунанд. Андоза ва таҷҳизоти Пункти пашмтарошӣ ба миқдори ҳайвонот вобаста аст. Пункти пашмтарошии муқимӣ барои тароши бузу гӯсфандон ва бастани пашм ҷойҳои махсус ва барои бузу гӯсфандони нотарошидаю тарошида коз (қӯра) дорад. Ҷои кор бо чароғҳои электрӣ таъмин карда мешавад. Пункти пашмтарошии с а й ё р и чарогоҳ аз шипанге иборат буда, онро одатан аз масолеҳи маҳаллӣ (тахта, най ва ғайра) месозанд. Ҷойҳои пашмтарошӣ, пашмбандӣ ва кози бузу гӯсфандоиро бо тавораҳои арғамчинӣ иҳота мекунанд.

punkti-pashmtaroshi

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …