Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПУНКТИ ЛОГОПЕДӢ

ПУНКТИ ЛОГОПЕДӢ

ПУНКТИ ЛОГОПЕДӢ дар макт а б, шакли ташкили ёрии логопедӣ ба бачаҳои талаффузашон нуқсдор. Мақсади Пункти логопедӣ— ислоҳи нуқси нутқ, хониш ва хати талабагон, инчунин тартиби донишҳои логопедӣ дар байни муаллимон. Ислоҳи камбудиҳои нутқи хонандагон дар Пункти логопедӣ ба зиммаи муаллими логопедия гузошта мешавад. Машғулиятҳоро дар Пункти логопедӣ берун аз дарс бо гурӯҳҳо (5— 6 нафар) ва талабагони алоҳида мегузаронанд. Натиҷаҳои хуби машғулиятҳои логопедӣ дар синф ва хона мустаҳкам карда мешаванд. Дар РСС Тоҷикистон 9 Пункти логопедӣ (4-тоаш дар шаҳри Ду­шанбе) мавҷуд аст (1977).

М. С. Юсупова.

punkti-logopedi

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …