Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПУНКТИ ФАРМОНДЕҲӢ

ПУНКТИ ФАРМОНДЕҲӢ

ПУНКТИ ФАРМОНДЕҲӢ, пункти асосие, ки аз он ҷанг ё амалиёти қӯшунҳоро идора мекунанд. Пункти фармондеҳӣ дар чунин самт ва хати дур аз фронт воқеъ мегардад, ки он мӯътамадии идораи қӯшунҳо, инчунин алоқаи доимиро бо тобеои, подразделенияҳои амалкунанда (қисмҳо, иттиҳодияҳо) ва штаби болоӣ таъмин мекунад.

p-farmondehi

Дар Пункти фармондеҳӣ ҳамроҳи командир (фармондеҳ) ҷонишини ӯ, ҳайати асосии штаб ва бо салоҳдиди ко­мандир сардорони қӯшун низ ҳузур дошта метавонанд. Қароргох, самт ва тартиби ҷойивазкуниро ко­мандир муқаррар мекунад, дар баъзе мавридҳо қароргоҳи Пункти фармондеҳиро штаби болоӣ таъмин менамояд. Ғайр аз Пункти фармондеҳии асосй дигар пунктҳои идоракунӣ ҳам сохта мешаванд: Пункти фармондеҳии пешгард ё ин ки эҳтиётӣ, пункти идораи ақибгоҳ. Ҷои Пункти фармондеҳӣ тавре иваз карда мешавад, ки низоми идораи қӯшунҳо вайрон нагар­дад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …