Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПУНКТҲОИ ГЕОДЕЗӢ

ПУНКТҲОИ ГЕОДЕЗӢ

ПУНКТҲОИ ГЕОДЕЗӢ, нуқтаҳои сатҳи Замин, ки мавқеашон дар асоси ченкуниҳои геодезӣ муайян карда шудаанд. Координатаҳои Пунктҳои геодезиро аксаран бо усули триангуля­тсия муайян мекунанд. Дар чунин ҳолат Пунктҳои геодезиро пунктхои триангуля­тсия ё худ пунктҳои тригонометрӣ меноманд. Агар координатахои Пунктҳои геодезиро бо усули полигонометрия муайян кунанд, он гоҳ онҳоро пункт­ҳои полигонометрӣ меноманд. Баландиҳои Пунктҳои геодезиро бо усули нивелиронй дармеёбанд. Дар маҳалҳо иншоотҳои махсус бунёд мекунанд, ки онҳо нишонаҳои пунктҳои триангулятсионӣ, полигонометрӣ ва нивелирӣ мебошанд (ниг. Аломатҳои геодезӣ). Системаи Пунктҳои геодезии ба ҳам вобаста шабакаи геодезиро ташкил медиҳанд, ки онҳо барои тадқиқи топографии сатҳи Замин ва ҳар гу­на ченкуниҳои геодезӣ ҳамчун асос хизмат мекунанд.

punkti-trigonometri

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …