Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПУНА

Шаҳри ПУНА

ПУНА, шаҳрест дар Ҳиндустон, дар штати Маҳараштра. Дар шимолу ғарби паҳнкӯҳи Дакан, дар андароби дарёҳои Мутҳа ва Мула воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 856 ҳазор нафар (1971). Узели муҳими нақлиёт, яке аз марказҳои калони саноат, тиҷорат ва маданият. Саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, чарму пойафзол, қоғаз, хи­мия ривоҷ ёфтааст. Дар Пуна маркази тадқиқоти вирусология ва дар Пимпри ном маҳалли назди Пуна заводи антибиотикҳо ҳаст. Университет (аз 1949) дорад.

puna-city

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …