Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПӮЛОДИ ЗАНГНОГИР

ПӮЛОДИ ЗАНГНОГИР

ПӮЛОДИ ЗАНГНОГИР, пӯлоди легиронидаест, ки дар шароити атмосфера ва дар муҳитҳои фаъол занг намезанад. Пӯлоҳи зангногир асосан бо хром (12—20%) лигеронида шудааст (ниг. Легиронӣ). Ғайр аз ин дар таркиби он С, Si, Mn, S, Р (элемегтҳои ҳамроҳи оҳан) ва Ni, Mn, Ti, Nb, Co, Mo (элементҳое, ки барои зангногир шудани пӯлод дохил мешаванд) мавҷуданд. Дар таркиби пӯлод Сr ҳар қадар бештар бошад, он ҳамон қадар коррозияустувор меша­вад.

pulodi-zangnogir

Сабаби зангногир шудани пӯлод он аст, ки дар сатҳи расиш бо муҳити фаъол пардаи басо тунуки оксидҳо ё дигар пайвастҳои ҳалнашаванда пайдо мешавад. Аз рӯи таркиби химиявӣ Пӯлодт зангногири хромӣ, хроминикелӣ ва хромумарганетсуникелӣ (ҳамагӣ беш аз 100 тамға) мавҷуданд. Пӯлоди зангногир хромии структураош мартенсити (дар ҳолати суфта) аз ҳама бештар ба коррозия устувор буда, барои тайёр кардани клапанҳои прессҳои гидравликӣ, парраҳои тур­бина, афзори буранда, пружинаҳо, асбоби рӯзгор ва ғайра истифода мешавад. Пӯлоди зангногирро дар намуди ҳаддодишуда ва ҳам дар намуди рехта истифода мебаранд. Ниг. низ Пӯлод.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …