Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПӮЛОДИ АФЗОРӢ

ПӮЛОДИ АФЗОРӢ

pulodi-a

ПӮЛОДИ АФЗОРӢ, пӯлоди серкарбон ё пӯлоди легиронидаест, ки барои тайёр кардани қисми кории асбобу афзори буранда ва ченкунанда, штампҳои ҳаддодии сарду тафсон, баъзе қисмҳои мошин (подшипникҳо, чархҳои дандонадор, винтҳон дастгоҳҳои фавқуддақиқ ва ғайра) истифода мешавад. Пӯлоди афзорӣ одатан дар таркибаш 0,6—0,7% С дорад (фақат пӯлоде, ки аз он штампҳои ҳаддодии тафсон тайёр карда мешавад 0,3—00% С дорад). Вобаста ба гармибардорӣ (ҳангоми кор ба зарорати баланд тоб овардан) Пӯлоди афзорӣ се навъ мешавад: сер­карбон, легиронида ва тезбур. Пӯлоди афзорӣ серкарбону легирони да сахтии худро то ҳароратҳои 150—200°С нигоҳ медорад ва барои сохтани афзорҳои истифода мешавад, ки суръати корашон паст аст. Пӯлоди тезбур, ки 0,7—1,5% С дораду бо волфраму молибден легиронида шудааст, сахтии худро то ҳароратҳои 560—70О°С нигоҳ медорад ва барои сохтани асбобу афзори бу­ранда (мавриди суръати баланди кор) истифода мешавад. Ниг. низ Пӯлод.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …