ПУЛМОНОЛОГИЯ (аз лотинӣ pulmo, pulmonis — шуш ва …логия), соҳаи тибби клиникиест, ки бемориҳои узвҳои нафас (хирной, бронххо, шуш, пардаи шуш)-ро меомӯзад. Сили шушро бошад, фтизиатрия меомӯзад. Пулмонология чун соҳаи мустақили тиб дар нимаи дуюми асри 20 аз терапия, ҷарроҳия ва педиатрия ҷудо шудааст. Пулмонология аз як қатор усулҳои махсуси тадқиқот — рентгенологӣ (томография, бронхография, ангиопулмонография), эндоскопӣ (трахеобронхоскопия, плевроскопия) ва ғайра истифода мебарад. Дар СССР аз соли 1967 Инситути умумииттифоқии тадқиқоти илмии пулмонология (Ленинград) амал мекунад. Мақолаҳои оид ба Пулмонология дар маҷаллаҳои «Клиническая медицина», «Терапевтический архив», «Грудная хирургия» ва ғайра чоп мешаванд. Сексияҳои пулмонологии ҷамъиятҳои илмии терапевтӣ ва ҷарроҳӣ вуҷуд доранд. Пулмонологҳои тоҷик оид ба ҳалли масъалаҳои муолиҷаи бемориҳои узвҳои нафас ва бемориҳое, ки дар шароити баландкӯҳ пайдо мешаванд, тадқиқот мебаранд. Соли 1968 дар беморхонаи республпӯикавии клиникии (РКБ) № 3 шӯъбаи махсуси пулмонологӣ ташкил карда шуд.
Хизмати педиатрии республика маркази пулмонологӣ ва санаторияи махсус дорад.
Ад.: Болезни системы дьхашава, 1967; Бронхологии, Федосеев Г. достижения и перспективы исследований в области пулмонологии, «Тер. архив», 1977, М 10. А. Я.