Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПУЛИГИРДОБ

Деҳаи ПУЛИГИРДОБ

ПУЛИГИРДОБ, деҳаест дар Совети қишлоқи Моғиёни райони Панҷакент, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози «Коммунизм». Аз деҳа то маркааи Совети қишлоқ 1 км, то район 48 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 921 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, кинотеатр, шӯъбаи алоқа, нуқтаҳои хизмати маишӣ (сехҳои либосдӯзӣ, таъмири пойафзол, сартарошхона), магазин, чойхона ва ҳаммом дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — тамокукорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Калон обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …