Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУЛИ ҶУДОШАВАНДА

ПУЛИ ҶУДОШАВАНДА

ПУЛИ ҶУДОШАВАНДА (пули мунфак, пули мунфасил), пули даҳонаҳояш ҷудошавандаи мутаҳаррик, ки ҳангоми гузаштани киштиҳо кушода мешавад. Пули ҷудошавандароро одатан дар болои дарё месозанд. Даҳонаҳои Пули ҷудошавандаро болошаванда, ҷудошаванда, дуршаванда, тобхӯранда ва алвонҷак сохтан мумкин аст. Навъи Пули ҷудошавандаро мувофиқи шароити маҳал интихоб мекунанд. Дар зери Пули ҷудошавандаро пояҳои азим ё бурҷҳое месозанд, ки даруни онҳо механизму муҳаррикҳои ба ҳаракатоварандаи даҳонаҳо шинонда щудаанд. Барои ба ҳаракат овардани даҳонаҳои Пули ҷудошаванда асосан ҳаракатоварҳои электрӣ ё гидравликиро истифода мебаранд. Даҳонаҳои мутаҳаррики Пули ҷудошавандаро аз конструксияҳои металлии сабук месозанд. Ниг. пиз Пул.

puli-judoshavanda

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …