Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУЛФИРИСТОНӢ

ПУЛФИРИСТОНӢ

ПУЛФИРИСТОНӢ, шакли ҳисобу- китоби байни муассисаҳо, ташкилотҳо, идораҳо ё худ байни онҳо ва шахсони алоҳида, инчунин байни худи гражданҳо. Пулфиристониро муассисаҳои кредитӣ (банкҳо; кассаҳои амонатӣ) ё алоқа (почта, телеграф) ба ҷо меоваранд.

Пулфиристонӣ дохилишаҳрӣ ва байнишаҳри мешавад. Дар мавриди Пулфиристонии идораҳо муассисаҳои кредитӣ ва идораҳои алоқа шаклҳои гуногуни муомилоти бенақдро ба кор бурда, ҳисобукитобро бо роҳи дар ҳуҷҷатҳо қайд кардани талабҳои  Пулфиристонӣ иҷро мекунанд. Пулфиристонии байни муассисаҳои почтаву телеграфро ҳам аз рӯи ҳисобукитоби бенақд мегузаронанд. Идораҳо танҳо ҳангоми Пулфиристонии телеграфӣ барои хизмати телеграф ҳақ медиҳанд. Пулфиристонӣ байни шахсони алоҳидаро почта ва телеграф иҷро мекунад ва ҳаққи комиссионӣ мегирад.

pulfiristoni

Дар баробари Пулфиристонии муқаррарӣ Пулфиристонии махсусро низ истифода мебаранд. Барои ин ҷои таъиноти маблағи фиристодашаванда бонд пешакӣ муайян бошад. Пулфиристонии махсусро ҳангоми ҳисобукитоби байни идораҳо, аз рӯи ҳисоби алоҳида (масалан, барои адои қарзҳои молию хизматӣ ва ғайра) истифода мебаранд. Ташкили хуби Пулфиристонӣ ба самаранокии муомилоти пулӣ ҳам таъсир мерасонад.

Б. Исоматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …