Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУЛЕМЁТ

ПУЛЕМЁТ

ПУЛЕМЁТ (аз калимаҳои русии пуля —тир ва метать — паррондан), аслиҳаи автоматии оташфишониест, ки барои маҳви ҳадафҳо дар рӯи замин, ҳаво ва об таъин шудааст. Бо Пулемёт аскарони пиёда, танкҳо, самолётҳо (вертолётҳо) ва ғайраҳо мусаллаҳонида мешаванд. Вобаста ба сохт ва таъиноти ҷангӣ Пулемёдҳои дастӣ, дастгоҳӣ ва муштарак, аз ҷиҳати андозаи буриши мил Пулемётҳои калибраашон муқаррарӣ (6,5— 8,0 мм) ва калонкалибр (12,7—15 мм) мавҷуданд. Аксари Пулемётҳо аз ҳисоби энергияи газҳои борутӣ, баъзеашон аз ҳисоби энергияи ақибзании мил автоматӣ кор мекунанд (ниг. Аслиҳаи авто­матӣ). Пулемёт одатан аз қисмҳои зерин иборат аст: мил, қуттии мил, қулфак (затвор), механизми зарбазан, механизми гардонанда (пружина), олати нишонгир, магазин (тирдон). П.-и муштарак басо манёврй бу­да, о яро дар майдони ҷанг хам дастй (бо сошка) ва хам бо даст- гоҳ (сепоя) истифода бурдан мум­кин аст.

pulemyot

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …