Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПУФАКПОЙҲО

ПУФАКПОЙҲО

ПУФАКПОЙҲО, трипсҳо, шил шилаболҳо (Thysanoptera), қатори ҳашаротҳоро гӯянд, ки танашон дарозрӯя буда, ба самти ӯ тахтапушту  шикам фишурда шудааст; дарозиашон одатан 0,5—2,  баъзан то 5 мм (намудҳои тропикиашон то 14 мм меша­ванд); дар cap ҷиҳози даҳонии ха- ланда доранд. Пойҳояшон аз пан- ҷаи 2-аъзогии бечангол иборат бу­да, дар асоси ҳар якеи он варами нуфакмонанд мавҷуд аст (номашон ҳам аз ҳаминҷост), болҳояшон 2—3 рахи кӯндаланг доранд ё тамоман бераханд; қисми шикамашон ба 11 сегмент (буғум) тақсим шудааст. Кирминаашон бол надорад. Қариб 2 ҳазор намудашон маълум аст; дар СССР 230 намудашон зиндагӣ меку­нанд. Пуфакпойҳо ба 2 зерқатор ҷудо мешаванд: Пуфакпорҳои тухмгузор (дар бофтаи растаниҳо тухм мегузоранд) ва Пуфакпойҳо найбинӣ (дар руй гул ва бағали барги растаниҳо тухм мегузоранд).

pufalpoyho

Аксари Пуфакпойҳо растанихӯранд; баъзе намудашон тухм ва кирминаи Пуфакпойҳо растанихӯрро мехӯранд. Бисёрии Пуфакпойҳо растанихӯр зараррасони хоҷагии қишлоқ, мебошанд.

Дар гултӯдаи себаргаи сурх зиёда аз 22 намуди Пуфакпойҳо ба қайд шгирифта шудааст; трипси Юнучқа, трипси себарга ва ғайра аз қабили онҳоанд. Ба растаниҳои ғалладонагӣ трипси гандум, ҷавдор ва ҷав, ба растаниҳои техникӣ трипси тамоку, зағир ва ғайра зарар мерасонанд.

У с у л ҳ о и мубориза: чораҳои агротехника (шудгори тирамоҳӣ, коркарди байни қаторҳо, мӯҳлати мусоиди кишт ва ғайра); дар боғу саҳро ва ҷойҳои обчакорӣ нест кар­дана баргҳои рехта ва боқимондаи растаниҳои гуногун; , ба растаниҳо пошидани инсектитсидҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …