Маълумоти охирин

ПУДИНА

ПУДИНА, п у д и н а, пуданаҷ, фуднна, ҳулбӯ, ҳулба (Men­tha), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ва баъзан яксолаест аз оилаи лабгулҳо. Хӯшагули саракмонанди онҳо одатан дар нӯги появу шохаҳои паҳлӯӣ ҷойгир аст. Гулаш майда, як ё дуҷинса, қифшакл. Дар СССР 20 намуди Пудина месабзад. Дар байни мардум махсусан Пудинаи лалмӣ ва Пудинаи б о ғ ӣ  маъмул шудааст. Пудинаи лал­мӣ 6 ҳулба гиёҳи бисёрсолаест, ки 50—60 см қад мекашад. Пояаш хазанда, хамида ё рости нисбатан сер- шоха, баргаш байзашакл, мунаввар ё дарозрӯяи нештаршакли дандона­дор. Хӯшагулаш сергул, гулаш май­да, гулобӣ ё гулобии нофармон, тобистону тирамоҳ мешукуфад. Дар марғзори сернам, шибарзамини алафзор, бешаи ботлоқзамин, соҳилҳои кӯл, обанбор, ҷӯю канал ва дашту саҳро мерӯяд.

pudina

Аз Пудина равғани эфир мегиранд. Равғани эфир, ментол ва барги Пудинаро дар тиб, атриёт ва қаннодӣ истифода мебаранд. Хусусиятҳои доруни Пудина ҳанӯз ба Диоскорид (асри I мелоди), Га­лен, Закариёи Розӣ, Абуалӣ Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон маълум буд. Масалан, Абӯалӣ Сино бо оби Пудина бемориҳои меъда, гӯш ва зардпарвинро табобат мекард. Тухми Пудинаро подзаҳр меҳисобид. Ҳоло барг, равғани эфири Пудина (М. piperita) ва ментолеро, ки аз он ҳосил мекунанд, барои муолиҷаи зиққи дил, неврал­гия, мигрен, бемориҳои илтиҳобӣ, меъда, ҷигар ва ғайра истифода меба­ранд. Дар фитотерапия (табобат бо растанӣ) ва тибби халқӣ бо Пудина фишори хун, атеросклероз, иллати гурдаву ҷигар, меъдаву рӯдаро табо­бат мекунанд.

Тоҷикон Пудинаро аз қадимулайём чун гиёҳи хушбӯй ва доруй дар таомҳои гуногун истеъмол мекунанд. Баъзе гиёҳҳои хушбӯи худрӯй (Origanum tyltanthiim, Ziziphoral pamiroalaica)-po низ Пудинаи кӯҳӣ меноманд.

Ад.: Алексеев Ю. Е. (ва дигарон)

Трапяннистые растении СССР, т. 2, M. 1971; Ковалёва Н. Г.. Лечение рас­тениями, М., 1072; Турова А. Д., Ле­карственные растения СССР и их при­менение, М., 1974.

М. Ҳоҷиматов

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …