Маълумоти охирин

ПУД

ПУД, риштае, ки дар чизҳои бофтанӣ аз байни тордо мегузаронанд (ниг. Бофти торупвуд). Нахҳои Пудро одатан ба найчаҳо печонда, ба моку меандозанд ва тавассути он аз байни нахҳои тор мегузаpo­нанд (ниг. Дастгоҳи бофандагӣ). Дар просесси бофтани матоъ нахҳои Пуд назар ба нахҳои тор камтар дучори деформатсия мешаванд. Бинобар ин барои тайёр кардани Пуд ашёи хоми сифаташ пастарро истифода мебаранд. Пудро аз нахҳои абрешим, пахта, пашм ва вискоза тайёр мекунанд. Ниг. низ Бофандагӣ.

pud2

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …