Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи ПУЧҚОҚ

Деҳаи ПУЧҚОҚ

ПУЧҚОҚ, деҳаест дар Совети қишлоқи Фархори pайони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 11 км, то рай­он 9 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 765 нафар (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ, китобхона, ма­газин, ҳаммом дорад. Сокинони деҳа бо пахтакорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, обчакорӣ ва кирмакдорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёриӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …