Маълумоти охирин

ПУЧАК

ПУЧАК, фурункул, илтиҳоби шадиди фасодноку табоҳи халта­чаи мӯй ва бофтаҳои пайвасткунандаи атрофи он, ки бактерияҳои фасодовар ба вуҷуд меоранд. Пучак аз ифлосӣ ва андаке ҷароҳатнокшавии пӯст, бисёр ҷудо шудани арақу равған, ихтилоли мубодилаи модда ва ғайра пайдо мешавад. Пучак дар шакли риреҳчаи сурхрангу нӯгдори дарднок ва асосан дар рӯи пӯсти гардан, пушти cap, рӯй, тахтапушт, думба мебарояд. Баъзан якбора чандин Пучак мебарояд, ки онро фурун­кулёз ва илтиҳоби фасодноки дӯсту клетчаткаи зерипӯстии атро­фи халтачаҳои мӯй ва ғадудҳои равғанбарор карбункул номида мешавад.

puchak

М у о л и ч а: ба пӯст молидани моддаҳои антисептикӣ; дар баъзе ҳолатҳо қабул кардани антибиотикҳо.

Пешгирӣ: гигиенаи шахсӣ, дар сари вақт бо дору табобат кардани ҷароҳати пӯст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …