Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Публий Овидий Назон

Публий Овидий Назон

Публий Овидий Назон (Publius Ovidius Naso) (43 то милод— тақрибан 18), шоири римӣ. Шеъри ҳасбиҳолӣ ва асосан, ишқӣ менавишт. Овидий дар достонҳои аввалинаш «Илми ишқ» ва «Давои ишқ» дар муносибатҳои ишқӣ ба хонанда ,насиҳат дода, манзараҳои ҳаёти Римро тасвир кардааст. Достони «Масх» («Метаморфозаҳо») 250 ривояти асотирӣ ва фолклориро доир ба мубаддал шудани имсон ба ҳайвонот, рустанӣ, ситораҳо, санг ва ғайра дар бар мегирад.

Солҳои охири ҳаёташ «Марсияҳои ғамангез» ва «Номаҳои Понтӣ»-ро офарид. Охири соли 8 за тарафи Август ба шаҳри Томи (ҳоло бандари Констанса дар Руминия) бадарға шуда, ҳамон ҷо даргузашт. Дар ба­дарға ӯ жанри нави назми Рим — марсияи ҳасбиҳолиро, ки ба мавзӯи ишқ робита надошт, ба миёи овард. Александр Сергеевич Пушкин ба Овидий ва эҷодиёти ӯ ҳусни таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кар­дааст (шеъри «Ба Овидий», достони «Лӯлиҳо»).

Основание: Любовные элегии, Москва, 1963: Эле­гии и малые поэмы, Москва, 1973.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …