Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПТЕРОЗАВРҲО

ПТЕРОЗАВРҲО

ПТЕРОЗАВРҲО       (Pterosauria), сусморҳои парвозкунанд а, қатори хазандаҳои мурдарафтаеро гӯянд, ки ба зерсинфи архозаврҳо мансубанд. Дар давраҳои юра ва табошир зиндагӣ кардаанд. Андозаашон ҳангоми кушодани болҳо бештар аз 7 м (птеранодон), гарданашон дарози серҳаракат, сари синаашон нағз инкишофёфта буд; баданашон мӯй дошт. Устухонашон бештар ковок буда, бофтаи исфҷӣ надоштанд. Намояндаҳои авва­лини Птерозаврҳо (рамфориохҳо) дандонҳои тези нағз инкишофёфта ва намояндаҳои сонӣ (птеродактилҳо) ҷоғи бедандони нӯлшакл доштанд. Птерозаврҳо дар соҳили баҳру обанборҳо зиста, моҳӣ ва ҳашароти майдаро мехӯрданд. Боқимондаҳои Птерозаврҳо дар Амери­кан Шимолӣ, Европаи Ғарбӣ, СССР (дар Қазоқистои Ҷанубӣ ва Поволжия) ёфт шудааст.

pterozavrho

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …