Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПТЕРОДАКТИЛҲО

ПТЕРОДАКТИЛҲО

pterodactyli

ПТЕРОДАКТИЛҲО (Pterodactylo- idei), қатори хазандаҳои мурдарафтаеро гӯянд, ки ба забарқатори калтакалосҳои парвозкунанда мансубанд. Птеродактилҳо дар давраҳои юра ва табошир зистаанд. Косахонаи сарашон хеле сабук буда, баъзан дандонҳои тоқа-тоқаи майда, боли васеи бақувват доштанд. Ҳангоми парвоз панҷаҳояшон қат мешуданд, то ки ба парвоз халал парасонанд. Думашон хеле кӯтод буд. Андозаашон гуногун буда, баъзеашон баробари гунҷишк ва баъзеи дигарашон ниҳоят калонҷусса (масалан, птеранодон, паҳноии болаш то 7,5 м) буданд. Псороптози хурд ҳашарот, модӣ ва дигар мавҷудоти обиро мехӯрданд. Псороптози ҳафриёти дар таҳшиниҳои Европаи Ғарбӣ, Африкаи Шарқӣ ва Америка, дар СССР (Поволжия) ёфт шудаанд.

Птеранодон (реконструксия карда шудааст).

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …