Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПСОРОПТОЗ

ПСОРОПТОЗ

psoroptoz

ПСОРОПТОЗ, як навъ касалии хоришаки ҳайвонот. Касалиро кана­ҳои ҷинси Psoroptes ба вуҷуд меоранд. Ба Псороптоз гӯсфанд, асп, гов, харгӯш ва инчунин бисёр ҳайвонҳои ваҳшӣ гирифтор мешаванд. Ҷойҳои канапахшкардаи пӯст хориш карда, мол бо дандон меканад ва мӯяш мерезад. Ҷои лучи пӯст сахту шахшӯл мешавад. Ҳайвони касал лоғар шуда аз хӯрок мемонад. Псороптоз асосан дар зимистон ва аввали баҳор (вақти серпашм шудани мол) рӯи медиҳад. Канаи модина 40—60 тухм мегузорад. Псороптоз дар натиҷаи парвариши якҷояи чорвои солиму касал паҳн мешавад. Касалиро аз рӯи аломатҳои клиникӣ ва тафтиши лабораторӣ муайян мекунанд.

Чораҳои мубориза: аз бадани ҳайвон, хонаву анҷомҳо ва чарогоҳ нест кардани канаҳо.

Ад.: Дубинин В. Б., Чесоточные клещи, их биология, вред в сельском хозяйстве, меры профилактики и борь­бы с ними, М., 1954.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …