Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПСОРИАЗ

ПСОРИАЗ

ПСОРИАЗ (аз юнонӣ psoriasis — хориш), шукуфаи сабусакдор, бемории музмини ғайрисироятии пӯсти одам, ки дар натиҷаи зарбаи асабию рӯҳӣ, ихтилоли мубодилаи модда, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ падид меояд. Заминаи вирусӣ ё генетикӣ, доштани Псориаз низ аз имкон берун нест. Ба Псориаз аксар наврасони 12—15-сола гирифтор мешаванд. Псориаз аксар дар cap, оринҷ, зону, чорбанд ва ғайра ба вуҷуд меояд. Аввал дар пӯст гиреҳчаҳои майдаи сурхранг пайдо шуда, рӯяш бо сабӯсаки сафеди нуқратоб пӯшида мешавад ва сипас ин гиреҳчаҳо калон- калон шуда, ба дигар -қисмҳои бадан паҳн мешаванд; баъзан он тамоми баданро фаро мегирад. Баъди ба андозаи муайян расидан гиреҳчаҳо аз сабзиш монда, оҳиста-оҳиста хурд ва нест мешаванд ва дар ҷои онҳо доғ боқӣ мемонад.

psoriaz

М у о л и ҷ а: истеъмоли витаминҳо (А, B1, Be, B12), доруҳои таскинбахш; гормонотерапия, пара­финотерапия ва табобат дар курортҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …