Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ПСКОВ

Вилояти ПСКОВ

map_of_russia_-_pskov_oblast-svg

ПСКОВ, вилоятест дар ҳайати РСФСР. 23 август 1944 ташкил шуда­аст. Масоҳаташ 55,3 ҳаз. км2. Аҳолиаш 839 ҳазор нафар (1982). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 24 район тацсим шу­дааст, 14 шаҳр дорад. Бо ордени Ленин (1967) мукофотонида шуда­аст. Марказаш — шаҳри Псков.

Табиат. Псков дар Шимолу Ғарбии қисми европоии СССР ҷой гирифтааст. Сатҳаш ҳамвор; қисми ғарбиро ҳамвориҳо ва шарқиро баландиҳо ишғол кардаанд. Иқлимаш континентии мӯътадил. Ҳарорати миёнаи январ— 7—8°С, июл 17—17,5°С. Боришоти солона 550—650 мм. Дарёҳои калон: Великая, Шелон, Плюсса, Ловат. Дар вилоят кӯлҳо бисёранд, калонтарини онҳо: Чуд, Псков. Хо­ки вилоят асосан хокистарию ботлоқӣ. 31% территория (1,8 млн га) вилоятро бешазорҳо — санавбар, тӯс, коҷ, баргларзон, роздор ишғол кардаанд. Дар вилоят ботлоқ бисёр буда, захираи калони торф мавҷуд аст.

Олами ҳайвонот:з, гуроз, харгӯш, рӯбоҳ ва ғайра. Аз парранда мурғи даштӣ, мурғи чипори ҷангалӣ, титав, кабк, мурғобиҳои гуногун ҳастанд. Моҳиҳои асосии сайдшаванда: снеток, ряпушка, леш, судак, на­лим, шӯртан.

Аҳолӣ. Русҳо 96,6% аҳолии вилоятро ташкил менамоянд: инчунин украинҳо, белорусҳо, эстонҳо, латишҳо низ зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 15,6 нафар. Аҳолии шаҳр 55% (1979) -ро таш­кил менамояд. Псков ва Великие Луки аз ҷумлаи шаҳрҳои асосии вилояти Псков ҳисоб мешаванд.

Хоҷагӣ. Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқи вилоят парвариши чорвои ширу гӯштдеҳ ва зағирпарварӣ. Дар вилоят саноати коркарди ашёи хоми хоҷагии қишлоқ, инчунин саноати коркарди металл ва мошинсозӣ ҳаст. Соли 1973 дар ви­лоят 819 ҳазор т. торф истеҳсол кар­да шуд. Қувваи электрро ТЭЦ-ҳои на он қадар калон истеҳсол менамоянд. Асбобҳои радиотехникӣ ва элек­тротехникӣ, дастгоҳсозӣ, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ барои мошинҳои коркарди аввалини зағир ва мошинҳои торфҳосилкунӣ (Псков, Вели­кие Луки) маҳсулоти асосии сано­ати мошинсозӣ ва коркарди металл мебошад; дар Великие Луки заводи таъмири вагон мавҷуд аст. Корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ хишт, оҳану бетони васлшаванда, алебастр ва ғайра истеҳсол менамоянд (Псков, Новоизборск, Печора, Великие Лу­ки). Дар вилоят саноати коркарди чӯб, мебел (Псков, Великие Луки), саноати сабук — корхонаҳои бофандагӣ, дузандагию трикотажӣ (Псков, Великие Луки, Остров), корхонаҳои чарму пойафзол (Невел), корхонаҳои саноати хӯрокворӣ мавҷуданд. Дар Псков, Гдова, Великие Луки заводҳои моҳипарварӣ ҳастанд. Заминҳои хоҷагии қишлоқи вилоят 2022 ҳазор га, аз он ҷумла киштзор 1000 ҳазор га мебошад. Дар вилоят 273 колхоз ва 134 совхоз буд (1974). Майдони кишт 929 ҳазор га буда, кишти ҷавдору гандум ва сули 195,1 ҳазор га, зағир 73,6 ҳазор га, барои зироати хӯроки чорво 449,6 ҳазор га, кишти картош­ка 67,5 ҳазор га мебошад. Дар вилоят (1975) 640,5 ҳазор cap гов, 323,9 ҳазор хук, 397,1 ҳазор бузу гӯсфанд буд. Дар кӯлҳо моҳӣ парвариш карда ме­шавад. Намуди асосии нақлиёт — нақлиёти роҳи оҳан, тӯли роҳи оҳан 1104 км (1973). Дарозии роҳи автомобилгард 10 ҳазор км. Кӯлҳои Чуд ва Псков киштигарданд.

Мактаб, муассисаҳои илмӣ, маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Со­ли таҳсили 1974/1975 дар 1059 мактаби намудҳои гуногуни таълими умумӣ 136,8 ҳаор талаба, дар 16 мактаби миёнаи махсус 15,4 ҳазор тала­ба, дар ду мактаби олӣ (Институти хоҷагии қишлоқ дар Великие Луки, Ин-ӯститути педа­гогаӯӣ дар Псков) ва филиалҳои институтҳои Ленинград дар Псков зиёда аз 8,5 ҳазор студент таҳсил мекард. Соли 1974 дар вилоят 22 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ (8,8 ҳазор талаба) буд. Соли 1973 дар 318 муассисаи томактабӣ 27,1 ҳазор кӯдак тарбия меёфт. Дар ви­лоят муассисаҳои илмӣ кор мекунанд. Калонтарин муассисаҳои илмӣ — Шӯъбаи дар Псков будан Институти давлатии тадқиқоти илмии хоҷагии моҳипарварӣ дар кӯлу дарёҳо, Стансияи Давлатии хоҷагии қишлоқи таҷрибавии вилояти Псков. Соли 1974 дар вилоят 598 китобхонаи оммавӣ буд. Музейҳои асосӣ: музей таърихию бадей, музеи меъморй, хоиа-музеи Пушкин, Хона-музейи В, И. Ленин ва дигарон дар Псков ва Великие Луки театрҳои драма, театри вилоятии лӯхтак ва филармо­нияи вилоятӣ ҳастанд. Дар вилоят 1254 клуб, 1409 дастгоҳи сайёри кинонамоишдиҳӣ, 35 муассисаи беруназмактабӣ вуҷуд дорад.

Дар Псков газетаҳои вилоятии «Псков­ская правда» («Ҳақиқати Псков») (аз соли 1917) ва «Молодой ленинец» («Ленинчии ҷавон») (аз соли 1957) чоп мешаванд. Маркази радиошунавонӣ вa телевизион — шаҳри Псков.

Соли 1974 дар вилоят 98 беморхонаи дорои 11,5 ҳазор кат (13,3 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ), 2,1 ҳазор духтур (1 духтур ба 408 нафар аҳолӣ) кор мекард. Инчунин дар вилоят курорти Хилово, 5 базаи туристӣ ва ғайра ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …