ПСКОВ, шаҳр, маркази вилояти Пскова РСФСР. Дар назди андароби деҳаҳои Великая ва Псков воқеъ аст. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Аҳолиаш 176 ҳазор нафар (1979).
Псков маркази муҳими саноатист. Соҳаи асосии саноат — мошинсозӣ (таҷҳизоти электрӣ, қисмҳои радио, аппаратҳои телефон, мошинҳо барои коркарди нахҳои сунъию синтезӣ ва ӯайра). Инчунин саноати сабук, хусусан коркарди катон, хӯрокворӣ ва масолеҳи бинокорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар Псков институти педагогӣ, филиали Институти политехникии Ленинград, техникумҳои индустриалӣ, бинокорӣ, кооперативу совхоз-техникум, инчунин омӯзишгоҳҳои тиббӣ, мусиқӣ ва маданию маърифатӣ, ду театр, музейҳо, аз ҷумла Хонамузейи В. И. Ленин мавҷуданд. Дар шаҳр ёдгориҳои меъмории зиёде (асрҳои 12—17) боқӣ мондаанд.
Псков яке аз шаҳрҳои бостонии рус буда, бори аввал соли 903 дар солномаи Лаврентий зикр шудааст. Аз асри 12 дар ҳайати республикаи феодалии Новгород. Аз соли 1348 — маркази князии мустақили республикаи феодалии Псков. Дар асрҳои 13—16— маркази калони тиҷорату иқтисодиёт ва маданият. Аз соли 1510 Псков ба ҳайати давлати мутамарказонидашудаи Россия дохил шуд.
Аз 26 феврал то 19 май 1900 дар П. В. И. Ленин дар зери назорати политсия зиндагӣ карда аст. 8 ноябри 1917 дар Псков Ҳокимияти Советӣ барпо гардид. Аз 9 июли 1941 то 23 июли 1944 шаҳр дар зери истилои фашистони немис буд. Аз 23 август 1944 Псков маркази вилоят. Дар солҳои баъди ҷанг Псков мувофиқи плани генералӣ аз нав сохта шуд. Шаҳр бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1984).