Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПСИХОТЕРАПИЯ

ПСИХОТЕРАПИЯ

psixoterapiya

ПСИХОТЕРАПИЯ (аз психо… ва терапия), маҷмӯи таъсироти рӯҳист барои муолиҷаи бемор. Имконияти таъсири рӯҳӣ аз қадим маълум буд. Вале Психотерапияи илмӣ аз солҳои 40 асри 19 ба туфайли тадқиқоти духтури англис Ҷ. Брэд, ки ба хусусиятхои функсионалии системаи асаби одам во­баста будани муассирии таъсироти рӯҳиро баён кардааст, шакл гирифт. Асоси илмии Психотерапияро таълимоти И. П. Павлов оид ба гипноз, инчунин алоқаи шахсияти бемор бо муҳити зиндагӣ ташкил медиҳад. Психотерапия аз усулҳои гипноз, талқинкунӣ, худталқинкунӣ, Психотерапияи ратсионалӣ, Психотерапияи коллективӣ ва ғайра истифода мебарад. Психотерапияи коллективӣ ҳангоми муолиҷаи алкого­лизми музмин истифода мешавад. Психотерапияи дар СССР ба маълумоти психо­логияи тиббӣ, физиологияи фаъоли­яти олии асаб, усулҳои тадқиқотии клиникию таҷрибавӣ такя меку­над. Психотерапияи ду хел мешавад: Психотерапияи  умумӣ ва Психотерапияи хусусӣ. Психотерапияи у м у м ӣ маҷмӯи таъсироти рӯҳиест, ки қобилияти ба беморӣ мубориза бурда тавонистани беморро пурзӯр меку­над (масалан, муомилаи духтур бо бе­мор, дар муассисаҳои табобатӣ муҳайё карда шудани шароити мӯътадили рӯҳӣ ва ғайра). Психотерапияи хусусӣ дар вақти табобати бемориҳои асаб ва рӯҳӣ истифода мешавад. Психиатрҳои тоҷик эътимоднокии талкини гипнозиро ҳангоми асвоси психогенӣ асоснок карданд.

Ад.: Руководство по психотерапии, М., 1974.

М. Р. Гуломов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …