Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПСИХОПАТИЯ

ПСИХОПАТИЯ

ПСИХОПАТИЯ (аз психо… ва юнонӣ pathos — беморӣ, касалӣ, дард), ин­кишофи ноҳанҷори (боиллати) шахсиятро гӯянд, ки аз асари ҳар хел омилҳои нобоби берунӣ ва дарунӣ (омилҳои ирсӣ, батнимодарӣ, зоимони, сироятнок ва заҳролудшавӣ дар овони тифлӣ, тарбияи нодуруст, таъсироти манфии иҷтимоӣ ва ғайра) ба вуҷуд меояд.

psixopatiya

Психопатияро аз хулқу атвори «мӯътадил» ба куллӣ фарқ кардан имконнопазир аст; аз ин рӯ Психопатия бемории рӯҳии на ҳақиқӣ, балки шартӣ мебошад. Психопатҳо (рӯҳбеморон ё шахсони девонафеъл) якчанд хел мешаванд: психопатҳои а с т е н ӣ (нотавон) — шахсони зуд мутаассиршавандаю ҳаяҷонпазир ва зуд оромшаванда, ба таҳмили ҷисмонӣ ва равонӣ (рӯҳонӣ) тобноовар, беҷуръату беҷасорат, дудилаю ҳар­дамхаёл: психопатҳоипсиха­ст е н ӣ (рӯҳзаиф) — одамони бис­ёр бадгумон, ҳамеша шубҳабар, бесуботу тарсончак (ниг. Психасте­ния) психопатҳои ошуфтаҳол (пурҳаяҷон) —касони тундхӯ ва зудранҷ, бадфеълу бадҷаҳл, бетамкину бетаҳаммул, таҷовузҷӯ, бағоят ҳарису роғиб; психопатҳои параной (васвосӣ) — мардуми гирифтори фикру хаёлоти музоҳим ва дилбазан, бағоят бадрашк, даъвогару судбоз, мутаассиб ва ғайра; психопатҳои истерикӣ (ғашъёвӣ) — шахсони хаёлбоф, муассир, саҳнаварз.

Пешгирӣ в а му о л и ҷ а: Тарбияи дуруст дар кӯдакӣ, таъсироти ислоҳкунандаи доимии оила, мактаб, корхона; психотерапия ва доруҳои оромбахш.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …