Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСИХОЛОГИЯИ ПЕДАГОГӢ

ПСИХОЛОГИЯИ ПЕДАГОГӢ

ПСИХОЛОГИЯИ ПЕДАГОГӢ, як соҳаи психология, ки қонуният ва хусусияти андӯхтани дониш, пайдо кардани маҳорату малака ва ташак­кули шахсияти бачаро дар ҷараёни таълиму тарбия меомӯзад.

sadik

Маълумоте, ки Психологияи педагогӣ аз омӯхтани ҳодисаҳои рӯҳӣ ба даст меорад, дар методикаи хусусии таълими ин ё он илм дар зинаҳои гуногуни таълим татбиқ мешаванд. Бинобар ин Психологияи педагогӣ, ғайр аз психологияи умумӣ ва психологияи синну сол, боз бо педагогика, психофизиология алоқаманд аст. Дар охири асри 10 ва аввали асри 20 дар илми психология идеяҳои ге­нетикӣ пайдо шуданд. К. Д. Ушин­ский асарҳои худро навишт ва ин имконият дод, ки Психологияи педагогӣ ба фанни мустақил табдил ббад.

Назарияҳои асосии Психологияи педагогии советӣ дар солҳои 20 ва аввали солҳои 30 дар тадқиқоти А. С. Макаренко (маромҳои фаъолии шахс, ташаккули сифатҳои иҷтимоии бача, тарбияи коллектив ба воситаи кол­лектив), Л. С. Виготский (назарияи тараққиёти функсияҳои одии рӯҳӣ) ва шогирдонаш Д. Н. Леонтев, Д. Б. Элконин, П. П. Блонский ва дигарон баён шуда буданд.

Психологияи таълим ва психологияи тарбия қисмҳои муҳими Психологияи педагогӣ мебошанд. Психологияи таълим қонунияти просесси андӯхтани до­ниш, маҳорат ва малакаҳо, таъсири таълимро ба тараққиёти тафаккури бача, сохти фаъолияти таълимро дар синну соли мухталиф ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиро меомӯзад. Дар тадқиқоти навтарнин психологҳои советӣ дар бораи ташаккули фаъолонаи просессҳои рӯҳӣ ва хислатҳои шахсият нишон дода шудааст, ки дониш дар натиҷаи системаи муайян ба шакл медарояд, имконияти синнусолии донишандӯзию дараҷаи тараққиёти қобилияти ақлии бача ба мазмуни таълим ва хусусияти таҳлили объ­екти омӯхташаванда ва ҷамъбасти он вобаста аст, асосҳои дониш дар мавриди фаъолияти махсус аз худ мешаванд. Психологияи тарбия шароити дар натиҷаи таъсири тарбия ва таълим ба вуҷуд омадани хусусиятҳои нави бача (хислату характер, талаботу маром, ҳиссиёт, тарзи рафтор ва ғайраро меомӯзад, қонунияти ташаккули шахсро (ҷаҳонбинӣ, равия) ошкор менамояд, имконияти муносибати индивидуалӣ ва заминаҳои психологии ташкили коллективӣ бачаҳоро ҷустуҷӯ мекунад. Дар Психологияи педагогӣ фаъолияти педагогӣ низ таҳлил карда мешавад (мазмуни маҳорат ва малакаи педагогӣ, сифатҳои муаллим, асосҳои психологии одоби педагогӣ, таъсири шахсияти педагог ба ташаккули шахсияти мактаббача).

Дар тадқиқоти мутахассисони соҳаи психологияи республикаи мо ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи Психологияи педагогӣ мавқеи муайян дорад. Заминаи чунин тадқиқот дар ибтидои солҳои 60 бо кӯшиши олимон М. Г. Ярошевский ва В. В. Давидов гузошта шуда буд. Дар асарҳои мутахассисони респуб­лика проблемаҳои тараққиёти фаъ­олияти маърифатии бачаҳо ҳангоми ошкор намудану ба эътибор гприфтани имконияти синнусолии донишандӯзӣ аз фанҳои мухталифи таълимӣ — забони модарӣ, забони русӣ ва математика муайян гардида, роҳ ва воситаҳои татбиқи принсипҳои таълими программаи мактаби миёна ва олӣ ба миён гузошта шудаанд (С. Алиев, Р. Атохонов, Н. Сафаров, Ф. Неъматов, В. Ҳ. Солеҳбоев ва дигарон). Тадқиқоти онҳо ба мувофиқати мазмуну методҳои таълим ба талаботи ҳозираи ҷамъият ва фаъол гардидани қобилият маърифати хонандагон нигаронида шудааст.

Тодқиқоти ҳозираи соҳаи Психологияи педагогӣ дар ташкили самараноки просесси таълиму тарбия, таъини асосҳои илмии методҳои таълим ва мазмуни программаҳои таълиму китобҳои дарсӣ, идоракунии просесси андӯхтани до­ниш, маҳорату малака, ташаккули ҳаматарафаи шахс, ташкили дурусти фаъолияти педагогӣ муаллим ва системаи кори таълиму тарбия дар мактаб аҳамияти калон дорад.

Ад.: Атохонов Р., Ла таҷрибаи ташкил кардан ва гузаронидани экспериментҳо дар тадкиқотҳои психологӣ- дидактивӣ, «Мактаби советӣ», 1976; № 3; Ушинский К. Д., Человек как предмет воспитания, соб. соч., т. 8, М.— Л., 1950; Божович Л. И., Личность и ее формирование в детском возрасте; М., 1968; Давыдов В. В. Виды обоб­щения в обучении. М.. 1972; Возрастная и педагогическая поихология. Под. рел. проф. А. В. Петровского. М., 1973; Кру- т е ц к и й В. А., Психология обучения и воспитания школьников, М., 1976.

Р. Атохонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …