Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСИХОЛОГИЯИ МЕҲНАТ

ПСИХОЛОГИЯИ МЕҲНАТ

ПСИХОЛОГИЯИ МЕҲНАТ, як соҳаи психологиро гӯянд, ки  ҷиҳатҳои психологии фаъолияти меҳнатии одамро меомӯзад. Психологияи меҳнат дар охири асри 10 ва ибтидои асри 20 баробари ривоҷу равнақи истеҳсолот, ба вуҷуд омадани навъҳои нави фаъолияти меҳнатӣ ва касбҳои оммавӣ, зиёд шудани талабот ба одам ташаккул ёфт.

mehnat

Дар аввалҳо муҳимтарин пробле­маи Психологияи меҳнат интихоби касб буд. Зарурати ҷиддан омӯхтани психологияи касбҳо ба миён омад. Тафовути майл, шавқ ва сабабҳои як касбро аа дигаре афзал донистани одамон муайян карда шуд. Шохаи махсуси Психологияи меҳнат — бо касбҳо шинос кардан ва оид ба касбҳо маслиҳат додан ба вучуд омад. Дар бораи қонунҳои инкишофи малака ва сифатҳои касб асарҳои махсус навишта шуданд.

Омӯзиши зиёду камшавии қобилияти корӣ, ки бо мондашавӣ, тартиби шаборӯзии кор алоқаманд аст ва тартиби мусоиди кор соҳаи муҳими Психологияи меҳнат гардид. Психологияи меҳнати муосир методикаи махсусеро мураттаб месозад, ки имконият медиҳад мондашавӣ ва дараҷаи пастшавии қобилияти кори муайян карда шавад. Дар ин бобат Психологияи меҳнат бо физиологияи меҳнат алоқаи зич дорад. Психологияи меҳнат оид ба проблемаҳои қобилияти кори ва хасташавӣ, таъ­сири шароити кор ба одам, хусусияти кор, шароити ғайриоддӣ ва кори бошитоб, инкишофи талабот ва қобилияти одам дар просесси меҳнати коллективӣ ва ғайра материали зиёде ҷамъ овардааст. Психологияи меҳнат кори худро бо кори мутахассисони соҳаи механизатсия ва автоматизатсия мутобиқ менамояд.

Дар Психологияи меҳнат баробари методи эксперименталӣ методи таҳлил низ мавқеи калон дорад. Дар шароити нави револютсияи илмию техникӣ Психологияи меҳнат вазифадор аст, ки шакл ва имкониятҳои нави қадр намудани фаъолияти меҳнатӣ, касоҳои нав ва талабот ба меҳнатӣ бо тех­ника мусаллаҳро омӯзад. Психологияи меҳнат бо сотсиологияи меҳнат, психологияи иҷтимоӣ, этикаи истеҳсолӣ, физи­ология ва гигиенаи меҳнат, кибер­нетика, маҷмӯи фанҳои идоракунӣ, математикаи амалӣ, эстетикаи тех­никӣ ва ғайра алоқаи зич дорад. Пси­хологияи инженерӣ, авиатсионӣ, кайҳонӣ, спорт, савдо, ҳарбӣ, эҷодиёти илмӣ ва ғайра навъҳои гуногуни Психологияи меҳнатро ташкил медиҳанд.

Психологияи инженерӣ яке аз фанҳои махсуси психология буда, масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: 1) ташкили оқилонаи фаъо­лияти одамон дар системаи «одам ва мошин»; 2) тақсими бомароми меҳнат байни кормандони роҳбарикунандаю хизматгузор ва воситаҳои техникии автоматонӣ; 3) ташкили просессҳои ахбордиҳӣ ва қабудӣ қарор.

Психологияи авиатсионӣ як соҳаи психология буда масъалаҳои психо­логии фаъолияти авиатсиониро ме­омӯзад; натиҷаҳои тадқиқоти  барои баланд бардоштани самаранокӣ ва амнияти меҳнат дар авиатсия, инчунин барои интихоби корман­дони авиатсия истифода бурда ме­шавад.

Психологияи спорт як соҳаи пси­хология буда асосҳои психологии тарбияи ҷисмонӣ ва маҳорати спортиро меомӯзад. Тайёрии психологии спортсмен дар баробари тайёрии ҷисмонӣ, техникӣ ва тактикӣ ба муваффақияти ӯ дар мусобиқа хе­ле мусоидат мекунад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …