Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСИХОЛОГИЯИ КАЙҲОНӢ

ПСИХОЛОГИЯИ КАЙҲОНӢ

ПСИХОЛОГИЯИ КАЙҲОНӢ як фасли психология буда, ҷиҳатҳои психологии кайҳоннавардонро меомӯзад. Тадқиқоти озмоишгаронаи психологӣ, ки бо просесси интихоб ва тайёр кардани кайҳоннавардон, баланд бардоштани сама­раи фаъолияти онҳо алоқаманд аст, мазмуни асосии Психологияи кайҳониро ташкил медиҳад. Психологияи кайҳонӣ оид ба тартиби мусоиди. меҳнати ҷисмониву фикрии кайҳоннавардон ва ҳамгирии онҳо тавсияҳо таҳия мекунад, ба психологияи инженерӣ алоқаи зич дорад. Психологияи кайҳонӣ методикаҳои махсуси озмоиши психологиеро, ки бо просессҳои дарёфтану сафарбар кардани имкониятҳои организм ва мутобиқгардонии он ба омилҳои гуногуни парвози кайҳонӣ алоқаманданд, мураттаб месозад. Инкишофи босуръати Психологияи кайҳонӣ барои тараққиёти амалӣ дар бисёр соҳаҳои дигари психология, аз ҷумла тадқиқоти сафарбаркунии имкониятҳои психофизиологии одам — оператор имкон медиҳад.

psixologiyai-ijtimoi

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …