Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ

ПСИХОЛОГИЯИ ИҶТИМОӢ илмест, ки қонунияти рафтор ва фаъ­олияти одамони ба гурӯҳҳон иҷтимоӣ дохилшуда, инчунин хусусиятҳои психологии ин гурӯҳҳоро меомӯзад. Масъалаҳои Психологияи иҷтимоӣ пеш дар ҳудуди таълимоти мухталифи фалсафӣ тадқиқ мешуданд. Аввалин ақидаҳои иҷтимоию психологӣ дар нимаи дуюми асри 19 пайдо гардиданд, вале Психологияи иҷтимоӣ ҳамчун як соҳаи илми психология дар аввали асри 20 пайдо шуд. Соли 1908 асарҳои психо­лог У. Мак-Дугалл ва сотсиолог Э. Росс (ҳар ду аз ИМА) нашр шу­данд ва ба ин асарҳо истилоҳи « Психологияи иҷтимоӣ » дохил гардид. Ҳамон солро оғози ташаккули Психологияи иҷтимоӣ медонанд.

soxti-ijtimoi

Психологияи иҷтимоии ғайримарксистӣ минбаъд дар Психологияи иҷтимоии америкоии асри 20 тараққӣ кард. Барномаи ба сифати илми озмоишгар (эксперименталӣ) таҳия кардани Психологияи иҷтимоӣ (Ф. Олпорт, ИМА; В. Мёде, Германия) маҳз дар ИМА ҷомаи амал пӯшид. Психологияи иҷтимоии америкоӣ, ки дар чорчӯбаи анъанаҳои эксперименталӣ инкишоф ёфта, ба иҷрои вазифаҳои амалӣ банд буд, дар таҳқиқи як қатор ҳодисаҳои конкретӣ (бунён ва ҳаракоти гурӯҳҳои хурд, муносибати байни шахсҳо, восита ва механизмҳои робита ва ғайра) ба комёбиҳои калон ноил шуд. Аммо Психологияи иҷтимоии америкоӣ аз анъанаи европоии таҳлили психологияи гурӯҳҳои «калон» (халқҳо, оммаҳо) дур шуда, аз ҳад зиёд ба гурӯҳҳои хурд диққат дод. Ҳоло дар Ғарб танқиди Психологияи иҷтимоӣ америкоиро барои беэътиноӣ ба проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ бисёр муаллифони евроноӣ (С. Москвичи, А. Теҷфел) ва қисман муаллифони амери­коӣ танқид мекунанд.

Нуктаҳои асосии Психологияи иҷтимоӣ  (фаҳмиши материалистии таърих, таносуби шуури индивидуалӣ ва ҷамъиятӣ, маҷмӯи муносибатҳои ҷамънятӣ донистани шахсият ва ғайра) дар асарҳои классикони марксизм-ленинизм ифода ёфтаанд. Масъалаи аз нуқтаи назари материалистӣ дигаргунсозии Психологияи иҷтимоӣ дар СССР солҳои 20 ҷилдаи муҳокима шуда буд. Тадқиқот дар ин соҳа махсусан охирҳои солҳои 50 ба таври амалӣ инкишоф ёфт. Психологияи иҷтимоии советӣ ба принсипҳои чӣ сотсиологияи марксистӣ ва чӣ психологияи материалистӣ (принсипи ягонагии шуур ва фаъолият ва ғайра) асос ёфтааст. Анъанаи марксистии Психологияи иҷтимоӣ дар дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ низ ривоҷ дода мешавад.

Равияҳои асосии Психологияи иҷтимоии муосир инҳоанд: проблемаҳои умумии назария, методология ва таърихи Психологияи иҷтимоӣ; қонуниятҳои муошират ва таъсири мутақобили одамон; тавсифи гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ (миллатҳо, синфҳо ва ғайҳо); проблемаҳои гурӯҳҳои хурд (шароити ташаккул ва бунён, таъсири гурӯҳ ба шахсият ва ғайра); таҳқиқи шахсият аз (ҷумла масъалаи иҷтимоикунонӣ ва дастурҳои иҷтимоӣ) ва ғайра. Масъалаи иҷтимояю психологӣ вобаста ба ин­кишофи як қатор илмҳои муҷовир, масалан, забоншиносӣ, криминология, демография, этнография ва ғайра, ба вуҷуд меоянд.

Афкори марксистӣ мақсади асо­сии Психологияи иҷтимоиро на дар ихтирои воситаҳои манипулиронӣ бо шахсият (системаи ҳолатҳои таъсиру нуфузи идеологӣ ва маънавию психологӣ) балки дар такмили системаи идораи проессҳои ҷамъиятӣ мебинад.

Психологияи иҷтимоӣ дар тадқиқоти худ дар баробари озмун (эксперимент), инчунин пурсиш, мушоҳида, супориш, яъне методҳоеро, ки дар сотсиология низ маълум аст, истифода мебарад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …