Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПСИХОЛОГИЯ

ПСИХОЛОГИЯ

ПСИХОЛОГИЯ (аз юнонӣ psyche- рӯҳ, район ва logos — сухан, таълимот) равоншиносӣ, илмест дар бораи қонунҳои объективии фаъолия­ти рӯҳӣ, аз ҷумла эҳсос, идрок, хотир, тасаввур, хаёл ва ғайра. Психология инчунин қонунҳои ташаккули талабот, шавқӯ ҳавас, малака, одат, мизоҷ, характер, қобилият ва ғайраpo, ки хусусиятҳои психологии шахсият ҳисоб меёбад, меомӯзад.

ravonshinosi

Психология роҳи дуру дарозеро тай кардааст ва илмест ҳам қадиму ҳам нав. Одамон аз замонҳои қадим ба ҳодисаҳои рӯҳӣ ва қонунияти онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд. Аммо афкори психологии қадим пайваста бо фикрҳои фалсафӣ пешкаш мешуд. Таърихи Психология  ҳамчун таърихи фалсафа аз муборизаи оштинопазире, ки дар байни ҷараёнҳои материа­листӣ ва идеалистӣ аз қадим давом дорад, шаҳодат медиҳад. Му­боризаи байни материализм ва иде­ализм роҷеъ ба ҳалли масъалаи табиату моҳияти ҳодисаҳои рӯҳӣ ифодаи як шакли муборизаи қувваҳои пешқадаму мутараққии ҷамъият ба муқобили қувваҳои иртиҷоъ мебошад. Намояндагони равияи ма­териалистӣ дар шарҳу эзоҳи рӯҳиёт ва чӣ будани он дар мавқеи илмию табиӣ меистоданд. Дар асрҳои 6 ва 5 то мелод табибон ва файласуфони Юнони Қадим ба майна алоқаманд будани руҳиётро тахмин карда буданд. Буқрот (Гиппократ) вуҷуд доштани мизоҷҳои гуногунро қайд карда буд. Намояндагони равияҳои идеалисти ҳодисаҳои рӯҳиро аз табиат ҷудо карда, онро чун рӯҳи илоҳӣ ба қалам медоданд. Чунин нуқтаи назар дар идеализми Афлотун (Платон) махсусан равшан акс ёфтааст. Арасту дар асарҳояш, аз ҷумла «Дар боби рӯҳ» дар бораи маърифат, ҳиссиёту ирода ва инчунин ассотсиатсияҳо (алоқаҳо) фикрҳои шоиста пешкаш карда буд.

Гузаштагони халқи тоҷик низ дар тараққиёти Психология ҳиссаи муанян гузоштаанд. Унсурҳои аввалини фикрҳои психологӣ дар эҷодиёти даҳанакии халқ дар образҳои қаҳрамонону паҳлавонон, дар маъхазҳои хаттӣ, масалан, дар «Авесто»  ва дигар сарчашмаҳои қадим равшан акс ёфтаанд. Дар асарҳои файласуфон, табибон ва намояндагони адабиёти классикӣ, монанди Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хисрав, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдурраҳмони ‘Ҷомӣ ва дигарон бисёр ҷиҳатҳои рӯҳиёт гоҳ бавосита ва гоҳ бевосита мавзӯи баҳсу мунозира ва шарҳу эзоҳ қарор ёфтаанд. Аз асри 11 cap карда асарҳои махсусе навишта шудаанд, ки масъалаҳои ҷудогонаи педаго­гию психологиро дарбар гирифтаанд: «Рисолаи ишқ», «Равоншиносӣ» ва «Ал-Қонун»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Рӯшноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хисрав, «Пандно­ма» -и Фариддудипӯни Аттор ва ғайра. Кайковус просессҳои рӯҳиро ба ду гурӯҳ ҷудо карда буд: а) сомеа (шунавоӣ), босира (боноӣ), шомма (бӯёӣ), зоиқа (чашиёӣ), ломиса (басовӣ) — нпъикоси материя; б) хотир, мулоҳиза, хаёл, нутқ — инъикоси рӯҳ. Дар таърихи тараққиёти Психология ва дар маънидоди рӯҳиёт махсусан Абӯалии Сино мақоми баланд дорад. Барои инкишофи афкори психологии Абӯалии Сино таълимоти Арасту дар боби рӯҳ ва ғоя, Абӯнасри Форобӣ роҷеъ ба ҳамин масъала таъсири калон расонданд, аммо ӯ дар шарҳи табиати рӯҳиёт аз гузаштагон ва ҳамасрони худ хеле пеш гузашт. Абӯалӣ ибни Сино дар қисмати «Равоншиносӣ»-и «Китоб-уш-шифо» донишҳои ҳиссӣ, хусусиятҳои фарқкунанда, асосҳои физиологии онҳо ва ба таҳлили андешаҳои пешиниён роҷеъ ба масъалаҳои мазкур пардохтааст. Ӯ қувваи муҳаррикаи инсонро ба кувваҳои хориҷӣ ва ботиние, ки ашё ва ҳодисаҳоро маърифат мекунанд, тақсим карда, ин қувваҳоро дар навбати худ ба навъҳои ҳисси зоҳирӣ (сомеа, босира, шомма, зоиқа, ломиса) ҳамчун зинаи нахусти маърифат ва ақли (ваҳмиёт, мақбулот, мусалламот, му­хайялот ва ғайра) ҷудо мекунад. Абӯалии Сино инчунин майнаро маркази рӯҳиёт ҳисобида, ба масъалаҳои Психологияи умумӣ ва синну сол диққати калон дода, ҳаёти одамро ба давраҳо тақсим карда буд; тараққиёти рӯҳиёти кӯдакро ба инкишофи умумии физиологӣ ва ташаккули талабот алоқаманд медонист.

Асри 17 дар тараққиёти донишҳои биологӣ ва психологӣ давраи нав кушод. Дар ақидаҳо оид ба ҷисм ва рӯҳ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Нахустин бор олими бузурги Франсия Р. Декарт дар бораи реф­лекс фикр баён намуд. Материалис­ти Англия Т. Гоббс аз рӯҳу ҷон қатъи назар кард ва нахустин бор дар таърихи Психология таълимот дар бораи рӯҳ ба таълимот дар бораи ҳодисаҳои рӯҳӣ табдил ёфт.

Дар нимаи дуюми асри 19 Психология ба илми мустақил табдил ёфт. Аввалҳо таҷрибаи психологӣ аз тарафи олимони немис Э. Вебер, Г. Фехнер, И. Мюллер, Г. Гелмголтс ҳангоми омӯхтани эҳсосот, баъдтар аз та­рафи файласуф ва психологи немис В. Вундт, психологи немис Г. Эббингауз ва дигарон ҳангоми тадқиқоти идрок, диққат, хотир, ассотсиатсия ва ғайра татбиқ карда шуд. Дар охори солҳои 80 асри 19 лабораторияҳои пси­хологӣ таъсис ёфтанд. Дар асри 20 дар Психология ҷараёнҳои бисёре пайдо шуда, он ба якчанд равияҳои идеалистйӣ ва механистӣ, чунончи бихе­виоризм, гешталтпсихология, пер­сонализм, фрейдизм ва ғайра ҷудо гардид.

Психологияи советӣ дар асоси таълимоти материалистӣ ва диалектикӣ дар бо­раи маҳсули материя будани рӯҳиёт ва дар айни ҳол эътироф намудани тафовути хоси онҳо, дар боби сабаби муайяни моддӣ доштани ҳаргуна ҳодисаҳои рӯҳӣ, ба қонунҳои ҳаёт тобеъ будани рӯҳиёт тараққӣ мекунад. Асоси методологии Психологияи советиро назарияи марксистию ленинии инъикос ва бунёди илмии онро таълимоти И. М. Сеченов ва И. П. Павлов дар бораи фаъолияти олии асаб ташкил медиҳанд. И. М. Сеченов дар асари машҳури худ «Рефлексҳои майнаи сар» (1863) асосҳои физиологии просессҳои рӯҳиро муайян карда, бо ин ба назарияи идеалистӣ, ки рӯҳро абадӣ мешуморад, шикаст дод. И. П. Пав­лов қонунияти ташаккули рефлексҳои шартиро кашф кард. Дар кашфу таъини принсипу проблемаҳои асосии Психологияи советӣ хизмати олимои Б. Г. Ананев, П. П. Блон­ский, Л. С. Виготский, А. В. Запоро­жетс, К. Н. Корнилов, Г. С. Костюк, А. Н. Леонтев, А. Р. Лурия, С. Л. Рубинштейн, А. А. Смирнов, Б. М. Теплов, Д. Н. Узнадзе хеле калон аст. Дар нимаи солҳои 30 принсипҳои асосии Психологияи советӣ — детерми­низм, ягонагии шуур ва фаъолият, инкишофи рӯҳиёт кор карда шуданд. Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр барои тараққиёти Психологияи илмӣ дар Тоҷикистон ҳам шароит фароҳам овард.

Тараққиёти минбаъдаи илми Психология дар Тоҷикистон ба кушода шудани кафедраҳои Психология, шӯъбаи Институти тадқиқоти илмии илмҳои педагогӣ ва тайёр намудани мутахассисони ин соҳа алоқамандӣ дорад. Баъзе масъалаҳои психологиро олпмон А. М. Баҳоваддннов, Н. А. Бикчен- тай, Л. А. Венгер, М. Г. Ярошевекий ва дигарон тадқиқ карданд. Тадқиқоти психологҳои республика якчанд масъалаҳои Психологияи умумӣ, бачагона, педагогӣ, иҷтимоӣ ва спортро дар бар мегирад. Дар республи­ка Шӯъбаи тоҷикистонии ҷамъияти психологҳои СССР амал меку­над.

Психология дар рафти тараққиёти худ ба якчанд соҳаҳои махсус чудо шудааст. Аз ҷиҳати фаъолияти конкретӣ якчанд соҳаро қайд мекунанд: онҳо масъалаҳои Психологияи меҳнат, ки ба он боз психологияи инженерӣ, авиатсионӣ ва кайҳонӣ дохил мешаванд; Психологияи педагогӣ, ки дар навбати худ Психологияи таълим, Психологияи тарбия ва Психологияи муаллимро дар бар мегирад; Психологияи тиббӣ, ки ба нейропсихология, психофармокология, психотерапия, психопрофилактика ва психогигие­на чудо мешавад; Психологияи юридикӣ, ки аз Психологияи судӣ, Психологияи ҷиноятӣ ва Психологияи ислоҳи меҳнатӣ иборат аст. Психологияи спорт, савдо, Психологияи эҷодиёти илмӣ, Психологияи қарбӣ низ ба гурӯҳи якуми соҳаҳои Психология дохиланд. Аз ҷиҳати та­раққиёт Психологияи синну сол, Психологияи мах­сус ва Психологияи муқоисавиро бояд дар назар дошт. Психологияи синну сол дар навбати худ ба Психологияи кӯдакон, Психологияи наврасон, Психологияи ҷавонон, Психологияи калонсолон ва Психологияи пиронсолон ҷудо мешавад. Олигофренопсихология, сурдопсихология ва тифлопсихология соҳаи махсусро ташкил медиҳанд. Зоопсихология (Психологияи ҳайвонот) соҳаи махсуси муқоисадӣ мебошад.

psixoanaliz

Психология объекти худро дар алоқамандӣ бо илмҳои дигар мёомӯзад; дар навбати аввал ба материалзми ди­алектикӣ ва таърихӣ такя меку­над. Ғайр аз ин Психология бо физиология, аз ҷумла бо физиологияи олии асаб, педагогика, кибернетика, таърих, адабиёт, забоншиносии умумӣ ва ғайра алоқаманд аст. Психология монанди ӣлмҳои дигар ҳангоми тадқиқот аз методҳои муайяни тадқиқоти ил­м истифода мебарад. Методҳои асосии Психологияро мушоҳида ва экспери­мент ташкил медиҳанд.

Психологияи илмӣ дар тарбияи аъзоёни Ҷамъият ва ташаккули ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинии онҳо аҳамияти бузург дорад. Донишҳои психологӣ дар мубориза ба муқобили идеа­лизм ва ҳурофоти динӣ чун яроқиидеявӣ хизмат мекунанд.

Ад.: Маркс К., Экономико-фило­софские рукописи 1844 года. М.. 1956; Энгельс Ф., Диалектика природы, М., 1975; Выгодский Л. С.. Развитие высших психических функций, М., 1960; Ярошевский М. Г., История пси­хологии, М., 1966; Леонтьев А. Н., Проблемы развития психики, М., 1972; H. С. Сафаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …